Дилшод Назаров аввалин медали худро дар соли 2018 соҳиб гардид

Июнь 14, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров,  чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи навбатии силсилаи «IAAF Bacterial-infections-info.com» сазовори медали биринҷӣ шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи 64-ум ба хотираи қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Ҷанус Кусосинскӣ («Janusz Kusocinski Memorial») 8 июн дар шаҳри Чорзуви Полша доир гардид.

Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,18 метр ҳаво дода, ҷои сеюмро ишғол кард. Ҷойҳои аввалу дуюм насиби полякҳо Войсех Новитский (80.63) ва Павел Файдек (80.04) гардид.

Силсилаи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук соли равон 10 ададро ташкил медиҳад. Мусобиқаи якум дар Ямайка доир гашт. Баъдан Осакаи Япония мизбони мусобиқаи варзиши сабук гардид (Seiko Golden Grand Prix Osaka-2018), ки Дилшод Назаров бо натиҷаи 75.01 ҷои чорумро ишғол кард.

Дилшод Назаров ҳамчунин дар мусобиқаи «Paavo Nurmi Games» (Финландия) низ ширкат карда, бо натиҷаи 76.16 сазовори ҷои панҷум шуд.

Феълан дар раддабандии беҳтарин гурзандози ҷаҳон Дилшод Назаров бо 229.35 хол дар ҷои сеюм аст. Павел Файдек (237.41) дар ҷои аввал, Войсех Новитский (236.70) дар ҷои дуюм, Бенс Халаж аз Венгрия (228.66) дар ҷои чорум, Марсел Ломнитский аз Словакия (222.95) дар ҷои панҷум қарор доранд.

 

Июнь 14, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад