ХАЙР, МАКТАБ! Имрӯз дар мактабҳои Тоҷикистон соли хониш ба охир мерасад
ДУШАНБЕ, 07.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон соли хониш ба охир мерасад.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин рӯз машғулиятҳо дар ҳамаи мактабҳои мамлакат аз рӯи реҷаи муқаррарӣ ва бе баргузор намудани чорабиниҳои «занги камолот» гузаронида мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб анҷоми соли хониш аз 25 май ба 7 июн гузаронида шуд. Аз ҳамон сол гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла сайругашти оммавӣ, зиёфатҳои идона дар тарабхонаҳо, ҷамъоварии маблағ барои гирифтани туҳфа ба омӯзгорон манъ гардид.
Фармони дахлдор моҳи майи соли 2016 аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба имзо расида буд.
Тибқи фармони мазкур, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гузаронидани маъракаҳо бахшида ба «занги камолот» барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 иҷозат дода намешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли равон 125 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 11 мактабро хатм менамоянд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






