Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти ду корхонаи пойтахт шинос шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик Бофанда» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарм» шинос шуд.
Сараввал Сарвазири мамлакат аз фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии нассоҷии тоҷик Бофанда» дидан намуд.
Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат фаъолияти ин корхонаи бузурги истеҳсолиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз тамоми имконият самаранок истифода намоянд ва баҳри тақвият бахшидани корҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Зеро, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ имконияти мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, молистеҳсолкунандагони ватанӣ дастгирӣ меёбанд.
Ҳамин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат бахши хусусӣ рушд карда, садҳо корхонаҳои хурду бузурги истиҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.
Сарвазири мамлакат таъкид намуд, дар сурате, ки аз ҷониби Пешвои миллат тадбирҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ниҳодҳои дахлдор ва соҳибкорони ватаниро зарур аст, барои тақвияти иқтидори истеҳсолии воридотивазкунанда чораҳои зарурӣ андешанд. Зеро бо ин васила ҳам иқтисоди миллӣ рушд мекунад ва ҳам сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, сатҳи зиндагии хешро баланд мебардоранд.
Сарвазири мамлакат барои таҳлил ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолии корхона аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис додани гурўҳи кории салоҳиятнокро талаб намуда, ба вазорату идораҳои соҳавӣ дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди минбаъдаи корхона чораҷўӣ намоянд.
Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарм», ки асосан ба истеҳсоли пойафзол машғул аст, шинос шуд. Дар ин корхона ҳам барои низомиён ва ҳам барои сокинон пойафзол истеҳсол карда мешавад.
Бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи имконоти мавҷуда фаъолияти ин корхона марҳила ба марҳила тақвият ёфта, имрўз маҳсулоти истеҳсолии корхона дар бозори дохилӣ рақобатпазир мебошад.
Сарвазири мамлакат фаъолияти ин корхонаи истеҳсолиро хуб арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо пойафзол бо истифода аз технологияи муосир истеҳсолотро боз ҳам зиёд намоянд.








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






