ДУШАНБЕ, 08.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии уқёнусҳо таҷлил карда мешавад. Пайдоиши таҷлили ин рӯз дар Конфронси сатҳи баланд, ки соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, ба миён омадааст.
5 декабри соли 2008 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи худро қабул намуд ва аз соли 2009 инҷониб дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии уқёнусҳо таҷлил карда мешавад. Аҳамияти ба миён омадани ин ид дар он аст, ки аз 4/3 ҳиссаи сатҳи заминро уқёнусҳо ташкил дода, онҳо 97% — и захираҳои обиро дар бар мегиранд.
Олимон бар он назаранд, ки яке аз масъалаҳое, ки имрӯз диққати аҳли башарро ба худ ҷалб кардааст, ин масъалаи ҳифзи оби баҳру уқёнусҳо ба ҳисоб меравад.
«Дар кураи замин масоҳати хеле калонро об фаро гирифтааст, агар ҳамаи масоҳати кураи замин 510 миллион км2 бошад, 360 миллион км2 онро оби баҳру уқёнусҳо ташкил медиҳанд, ки ин 71%-и сатҳи кураи заминро ташкил медиҳад. Бинобар ин кураи заминро мешавад кураи об гуфт»,-зикр намуд коршиноси масоили экологӣ Ҳасан АСОЕВ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».
Ба гуфтаи номбурда, оби баҳру уқёнусҳо аз оби дарёҳо ва кӯлҳо бо он фарқ мекунад, ки дар таркиби он моддаҳои минералӣ ба миқдори зиёд ҳал шудаанд, яъне шӯрии оби уқёнус аз шӯрии оби дарёҳо хеле баланд аст. Мувофиқи тадқиқоти олимон, дар таркиби оби уқёнус қариб 50%-и элементҳои ҷадвали даврии элементҳои Менделеев мавҷуд мебошад.
Олимон захираҳои бузурги обиро ба чор уқёнус- Атлантика, Ҳинд, Ором ва Яхбастаи Шимолӣ ҷудо намуда, омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳоро дар раванди босуръати тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ кардаанд. Онҳо ин омӯзишро барои ҳаёти инсоният ва некӯаҳволии одамон бисёр саривақтӣ мехонанд.
Бино ба иттилои расмии Созмони Милали Муттаҳид, ҳар сол уқёнусҳо ба иқтисодиёти ҷаҳон 3 триллион доллари америкоӣ даромад меоранд. Ин ба 5% Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ҷаҳон ва як миллиард ҷойи кор дар тамоми олам баробар мебошад. Ин даромад аз ҳисоби захираҳои мавҷудаи дохили уқёнус, аз қабили ҳайвоноту наботот ва дигар мавҷудоти обӣ мебошад.
«Аҳамияти уқёнус дар ҳаёти ҷамъиятӣ хеле калон аст, зеро аз дохили он ҳамасола миллионҳо тонна моҳиҳои гуногун шикор карда мешаванд. Дар шикори моҳӣ нисбат ба дигар давлатҳои ҷаҳон Япония бештар афзалият дорад. Инчунин он мамлакатҳое, ки дар назди соҳил мебошанд, аз қабили Чин, Америкаи Лотинӣ, Америкаи Шимолӣ низ ба моҳидорӣ машғул мебошад»,-иброз дошт Ҳасан Асоев.
Ба андешаи ӯ, ба миён омадани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» яке аз масъалаҳои мубрамест, ки имрӯз аҳли башарро ба ташвиш овардааст ва он инсониятро водор месозад, ки нисбат ба ин масъала корҳои зиёде ба анҷом расонад.
Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, оби уқёнусҳо фурӯбарандаи асосии энергияи офтоб ба ҳисоб меравад. Дар дохили ин обҳо имрӯзҳо тақрибан 600-сола энергияе, ки аз офтоб ба замин меояд, захира шудааст.
Солҳои охир зиёд шудани ҳаракат ба воситаи киштиҳои гуногун аз як мамлакат ба мамлакати дигар ва аз як уқёнус ба уқёнуси дигар ба вайроншавии сифати об оварда мерасонад.
«Бисёр вақт киштиҳои калон тавассути баҳр аз як самт ба самти дигар нефт мебаранд, бинобар ин вақте ки ин киштиҳо ба ягон садама дучор мешаванд, нефти онҳо сатҳи уқёнусро бо миқдори васеъ пӯшонида мегирад, аз ин хотир мубодилаи моддаҳо байни атмосфера ва гидросфера паҳн шуда, қабати обро вайрон мекунад. Чунин ҳолат боиси марги миллионҳо ҳайвоноти баҳрӣ мегардад, зеро болои баҳрро қабати тунуки нефт пӯшонида, сабаби норасоии ҳаво ва нобуд шудани бисёр ҳайвоноти баҳрӣ мегардад»,-илова намуд коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев.
Тавре дар боло зикр шуд, оби уқёнусҳо нисбат ба оби дарё ва кӯлҳо шӯртар мебошад, аз ин хотир месазад дар бораи яке аз масъалаҳои муҳими ин замон – тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ ва оқибатҳои он каме ҳарф занем.
Норасоии оби тозаи ошомиданӣ яке аз масъалаҳои муҳими замони мо ба шумор меравад, ки аз шаҳрвандон сар карда, то сарони давлатҳоро ба изтироб овардааст.
Ин буд, ки аввали моҳи майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 12 майи соли равон дар такя ба далелҳои созмонҳои байналмилалӣ изҳор доштанд: «Ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сироятии вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд».
Пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз ҷониби СММ ва давлатҳои узви он қабул гардид, далели дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳо қарор доштани ин раванд мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳар сол Рӯзи байналмилалии уқёнус таҳти шиорҳои гуногун таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар тамоми мамлакатҳо, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳамоишҳои тозагии соҳили уқёнус, баҳр, кӯл ва дарёҳо баргузор карда мешаванд. Имсол СММ мавзӯи ин рӯзро «Мубориза бо боқимондаҳои партовҳои пластикӣ ва халли он барои таъмини тозагии уқёнусҳо» интихоб намудааст.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»