«Маҷмӯи хирад ва ақлу заковати миллат дар сухан ва амали як шахсияти бузурги он таҷассум ёфт», – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Июнь 7, 2018 13:35

ДУШАНБЕ 07.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мундариҷаи шумораи навбатии нашрияи расмӣ — «Ҷумҳурият» (4.06.2018, №110-111) аз гузориши муфассали матбуотӣ доир ба сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон, мақолаи илмӣ оид ба бартараф намудани пайомади камборишӣ, мақолаҳо доир ба кору зиндагонии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, мавод дар бораи вазъи маориф дар ноҳияи Тоҷикобод, ҷараёни обёрии 4 ҳазор гектар замин дар ноҳияи Деваштич, барқарорсозии ҷангалзор дар ноҳияи Сангвор, хизматрасониҳои коммуналӣ ба сокинони шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, вазъи таъминот бо об дар Ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон ва мақолаи таҳлилӣ оид ба фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти террористии  наҳзат иборат ёфтааст.  Муаллифи мақолаи «Аз бало эмин будан шарти ором зистан» ҷиноят ва хиёнатҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзатро дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ нақл карда, навиштааст, ки агарчи онҳо имрӯз либос ва намуди зоҳирии худро тағйир дода бошанд ҳам, ҳадафҳояшон мисли аввала – зулм кардан ба сари миллати тоҷик боқӣ мондааст:  «Агарчи насли собиқи наҳзат суннатҳои исломиро дар пӯшиши либос риоя мекарданд, қишри нави наҳзатиён, ки аз омадани Кабирӣ ба маснади раҳбари сиёсӣ тавсеа ёфт, ба хотири ҷалби ҷавонон аз воситаҳои нави иттилоотӣ, техникӣ, риторикӣ ва коммуникатсионӣ истифода бурд. Аз ин лиҳоз, барои рӯпӯш кардан ва аз чашми мардум дур доштани ҳадафи стратегӣ ТТЭ ҲНИ аз воситаҳои нави техникӣ ва иттилоотӣ истифода намуда, балоро сари мардум ҷур кардан мехоҳад ва бо пӯшидани шиму костюм, бастани галстук, тарошидани риш, риояи зоҳирии низомии зиндагии дунявӣ таассуби мазҳабии наҳзатиро пинҳон медорад… Бо тақозои замон ва зиёда аз ин, барои ҷалби сиёсати ҷаҳонӣ ва кишварҳои мутамаддини башарӣ ба созмони динии ТТЭ ҲНИ симои раҳбарияти наҳзатӣ, ба истилоҳ замонавӣ шуд ва бо истифода аз либоси муосири урупоӣ ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардидани лидерони наҳзатӣ амри зарурӣ гардид. Аммо ҳадаф тағйир наёфт ва ҳамоне ки буд, боқӣ монд: касби қудрат, зиллати миллат, салтанати мафкураи хушки асримиёнагӣ, ҷамъоварии молу мулки мардумӣ, ҷамъи сармояи миллӣ, ҷорӣ намудани қавонини мазҳабӣ, барҳам задани низоми дунявӣ».

Мақолаи «Ёдориҳои таърихӣ аз байн мераванд, чаро?» аз он нақл мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳоло 3 ҳазор ёдгориҳои таърихӣ маҳфуз ҳастанд, вале ҳолати кунунии баъзе аз онҳо хеле ташвишовар буда, қисме онҳо дар зери хоканд. Муаллиф таклиф намудааст, ки ҳудуди ёдгориҳо ҷудо карда шавад ва харитаи бостоншиносии шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳия ва нашр карда шаванд.

«Ҷумҳурият» (6.06.2018, №113) мақолаи муфассал аз рӯзгори сокинони деҳаи Раҳмонобод нашр карда, вобаста ба таъминоти бозорҳои пойтахт бо анвои хӯрокӣ дар моҳи Рамазон, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати беасос боло нарафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия гузориш чоп кардааст. Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мақолаи илмӣ-оммавии доктори илмҳои сиёсӣ С.Ятимов бо номи «Иммануил Кант ва ташаккули шахсият» пешкаши хонандагон шудааст. Мақола аз бахшҳои ташаккули субъект, мантиқи тарбия, мавқеи шахс дар тарбия, интизом дар доираи тарбия, шахс ва ҷомеа, тарбияи ахлоқӣ ва тарбияи характер ва дигар бобҳо иборат ёфта, муаллиф зимни баёни мулоҳизаҳо ба хулосаҳои олимони сатҳи ҷаҳонӣ ва осори классикони адабу фарҳанги шарқу ғарб такя кардааст. Дар хотимаи мақола муаллиф чунин хулосабарорӣ кардааст: «Маҷмӯи хирад ва ифодагари ақлу заковати миллат дар тӯли садсолаҳост, ки дар сухан ва амали як Шахсияти бузурги он таҷассум ёфт. Аз ин падида ифтихор бояд дошт. Ба ӯ пайравӣ кард ва аз ӯ намуна гирифт».

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» аз баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ва баррасӣ шудани якчанд масъалаҳои муҳим, аз ҷумла, муҳокимаи бандҳои Созишнома байни Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Қазоқистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар ҳудуди Тоҷикистон ва Қазоқистон хабар нашр карда, мусоҳибаи хабарнигори нашрия Д.Мергановро бо раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон А.Холмуҳаммадзода «Ҳуқуқэҷодкунӣ. Магар он кори саҳлу сода аст?», мақолаи мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии ВМКБ С.Азорабеков «Нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем», очерки судӣ «Амонатро намебояд хиёнат» ва мақолаи Ёқуби Содиқ «Аз каллабурии наҳзатӣ то сарбурии диишӣ»-ро чоп кардааст.

«Адабиёт ва санъат» — минбари эҷодкорони Тоҷикистон дар саҳифаи наср ҳикояи Маҳбуба Неъматзода «Дилбар», дар саҳифаи назм шеърҳои Гулназар «Нам-нами борон», «Се ғазалвора»-ро чоп карда, хабари баргузор шудани маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагонро нашр намудааст. Дар саҳифаҳои дохилии ҳафтанома таҳти унвони «Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллӣ» маърӯзаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва маърӯзаи профессор Аламхон Кӯчаров «Устод Айнӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон» аз маҷлиси садорати Иттифоқи нависандагон пешкаши хонандагон шудаанд.

Июнь 7, 2018 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард