Маркази миллии тестӣ аккредитатсияи намояндагони ВАО –ро барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ оғоз менамояд

Июнь 25, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2018. АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки аз 25 июни соли равон аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО)-ро барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД), ки аз 1 то 13 июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳонӣ доир мегарданд, оғоз менамояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда мешаванд.

Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳузури намояндагони ВАО, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ барои боздиди марказҳои имтиҳонӣ аз аккредитатсия гузаштаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки намояндагони ВАО, ки хоҳиши боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии раванди ИМД-ро доранд, бояд ба Марказ муроҷиат намоянд. Барои баррасии муроҷиат пешниҳоди маълумоти зерин зарур аст:

  1. Номи пурра ва расмии ВАО; ҳудуди паҳншавии маҳсулоти ВАО; шакли нашри иттилоот; даврияти чопи ВАО; адади нашри ВАО; индекси почта ва нишонии редаксияи ВАО; рақами телефон ва факси сармуҳаррири ВАО, нишонии почтаи электронӣ;
  2. Ному насаб (пурра)-и намояндаи ВАО, вазифаи ишғолнамудааш, рақами телефони корӣ ва факс, ки барои ба таври фаврӣ бо ӯ доимо дар тамос будан имконият медиҳад.
  3. Номи пурра ва расмии ВАО/журналисти хориҷӣ, давлат; шаҳодатномаи аккредитатсияи ВАО/журналист дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи ишғолнамудаи намояндаи ВАО, рақами телефони корӣ/мобилӣ ва почтаи электрониаш, ки барои ба таври фаврӣ бо ӯ доимо дар тамос будан имконият медиҳад.

Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо аз намояндагони ВАО барои аккредитатсия – 29 июни соли 2018 то соати 17:00 таъйин шкудааст.

 

 

Июнь 25, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд