Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ
ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор» имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин мулоқот намуд.
Зимни суҳбат муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сатҳи баргузории конфронси байналмилалӣ баҳои баланд дода, ҳамоиши имрӯзаро платформаи мусоиди табодули таҷриба миёни коршиносони кишварҳои гуногун маънидод кард. Ҷонибҳо ба сатҳу сифати ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баҳои баланд дода, барои густариши ин раванд изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Дар доираи мулоқоти имрӯза ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши ҷалби сармоягузорӣ ва технологияҳои муосир, рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






