Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо муовини Дабири кулли СММ

Июнь 20, 2018 15:04

ДУШАНБЕ, 20.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор» имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  Луи Женмин мулоқот намуд.

Зимни суҳбат муовини  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба сатҳи баргузории конфронси байналмилалӣ баҳои баланд дода, ҳамоиши имрӯзаро платформаи мусоиди табодули таҷриба миёни коршиносони кишварҳои гуногун маънидод кард.  Ҷонибҳо ба сатҳу сифати ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баҳои баланд дода, барои густариши ин раванд изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар доираи мулоқоти имрӯза ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши ҷалби сармоягузорӣ  ва технологияҳои муосир, рушди инфрасохтор, роҳандозии низоми самарабахши ҳамлу нақли транзитӣ  мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Июнь 20, 2018 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн