«NEW YORK TIMES» ДАР БОРАИ «DUSHANBE». Яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои дунё таомҳои миллии тоҷикиро, ки дар қаҳвахонае дар Бруклин омода карда мешаванд, тавсиф намудааст

Июнь 25, 2018 08:49

ДУШАНБЕ, 25.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар доред, 12 майи соли равон дар сомонаи мо бо номи «Душанбе» дар Ню-Йорк» матлаби хабарнигорамон Бекназари Абӯбакр ба табъ расида буд. Дар он гуфта мешуд, ки  дар Бруклин, сераҳолитарин маҳаллаи Ню-Йорки Амрико, қаҳвахонае бо номи «Душанбе» фаъолият мекунад, ки муҳити он куллан тоҷикӣ буда, ба муштариён беҳтарин таомҳои миллии тоҷикӣ пешниҳод карда мешавад.

Хабарнигори мо ҳамчунин зикр карда буд, ки «дар миёни ҳазорон биноҳои осмонбӯси Ню-Йорк, дар шаҳре, ки дар он ҳазорон нафар аз саросари дунё кору зиндагӣ мекунанду намунаи фарҳангҳои мухталифи дунёро дучор омадан мумкин аст, дар гӯшае оҳанги тоҷикӣ ба гӯш мерасад. Қаҳвахонаи «Душанбе» дар ин шаҳри бузург пойтахти Тоҷикистон ва фарҳанги меҳмондорию ҳунари ошпазии тоҷиконро муаррифӣ менамояд. Оши палову қурутоб, самбӯсаву сихкабоб ва дигар таомҳои мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии хосса ва дар муҳити тоҷикона пешниҳоди муштариён мегарданд…».

21 июни соли 2018 яке аз рӯзномаҳои маъруфи  ҷаҳон  «The New York Times», ки ҳар рӯз бо теъдоди беш аз 1 миллион адад чоп ва дар саросари олам паҳн карда мешавад, бо нашри 8 акс аз қаҳвахонаи «Душанбе» дар Шипҳед Бей, воқеъ  дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк тарзи тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла, қурутобро шарҳ дода,  мутазаккир шудааст, ки ошпазҳои ин қаҳвахона ба решаҳои миллии худ содиқ мондаанд. Муаллиф нигоштааст, ки бештари  ғизоҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам монанданд, вале қурутоби аслӣ ва хушмаззаро танҳо тоҷикон метавонанд таҳия кунанд.

Лигайя Мишан (Ligaya Mishan), муаллифи матлаби «The New York Times»   барои  навиштани мақолааш дар бораи таомҳои тоҷикӣ  махсус ба қаҳвахонаи «Душанбе» дар Шипҳеб Бейи   Бруклин сафар кардааст.

Ӯ дар ин матлаб таҳти унвони «Сарошпази қаҳвахонаи «Душанбе» ба решаҳои тоҷикиаш содиқ мондааст» («At Cafe Dushanbe, a Chef Stays True to His Tajik Roots») менависад: «Халқҳои Осиёи Марказӣ ғизоҳои муштараки зиёд доранд, вале якеаш хоси фақат ва фақат Тоҷикистон аст. Ва қаҳвахонаи «Душанбе» дар Шипҳед Бей дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк (Sheepshead Bay, Brooklyn) танҳо маконест дар Ню-Йорк, ки ин ғизоро ба муштариён пешниҳод мекунад».

Албатта,  Лигайя Мишан  қурутобро дар назар дорад, ки дӯстдоронаш дар Амрико торафт бештар мешаванд. Ӯ дар идома тарзи таҳияи қурутоби тоҷикиро шарҳ дода менависад, ки он аз фатиру қурут ва зирбаки пиёз омода карда шуда, сабзавоти тару тоза, бахусус помидору бодиринг ин таомро  боз ҳам хушхӯртар мекунанд.

«The New York Times» меафзояд, ки дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон аксаран қурутобро дар рӯи кӯрпача нишаста, бо даст мехӯранд. Дар қаҳвахонаи «Душанбе» дар  Бруклин низ чунин мекунанд,  вале барои тановули қурутоб ва ғизоҳои дигар мизу курсӣ ва корду чангаку қошуқ низ гузоштаанд. «Вале, — менависад муаллиф, —  муҳити қаҳвахона дар ҷои дигар аст ва гӯё тавассути манорааш печутоб хӯрда,  сар ба сӯи фалак мекунад».

Дар қаҳвахонаи «Душанбе», ба навиштаи «The New York Times», ҳамчунин ба муштариён ғизоҳои дигари мероси Роҳи Бузурги Абрешим, аз ҷумла, самбӯса ва сихкабоб аз гӯшти гӯсфанд пешниҳод мекунанд. Ҳамин тавр, лағмону окрошкаи русӣ ва сабзича, хӯрише, ки аз мардуми кореягӣ ба халқҳои Осиёи Марказӣ ба ёдгор мондааст, аз дигар ғизоҳои ин тарабхонаи тоҷикӣ дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк будааст.

Алиҷон Имомов, зодаи Тоҷикистон, соли 2013 баъди ҳиҷраташ ба Амрико ибтидо ин қаҳвахонаро бо номи «Роҳат» кушод, вале соли 2015 дар пайи табдили шарики тиҷоратиаш номи онро бо «Душанбе» иваз кард.

Алиҷон Имомов дар Ню-Йорк чанд тарабхонаи дигарро низ мечархонад, ки дар онҳо  ба муштариён ғизоҳои мухталифе, чун ғизои аврупоии «биф-Строганов» ва ғизои японии «якитори» пешниҳод мекунанд. Вале, менависад муаллифи мақолаи «The New York Times», Алиҷон Имомов дар қаҳвахонаи «Душанбе» талош дорад решаҳои миллии худро ҳифз кунад ва дар ин ҷо ба истиснои чанд хӯриш ва ширинӣ боқӣ ҳама ғизоҳои тоҷикӣ бошанд.

Июнь 25, 2018 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид