НОМИ НАКӮ – НИСФИ ҲУСН. Ба фарзандон ном ҳадя кардан як кори одӣ ва ғайри қобили таваҷҷуҳ нест

Июнь 30, 2018 09:10

Номҳои тоҷикӣ ганҷинае мебошанд, ки дар тӯли асрҳо сайқал ёфта, ба сарнавишт ва ташаккули таърихии миллат иртибот пайдо кардаанд. Айни ҳол мову шумо дар масъалаи ному номгузорӣ набояд бетараф бошем. Номгузорӣ як рукни муҳими забон ва инъикоскунандаи асолати миллию фарҳанги миллат мебошад. 

                                                       Эмомалӣ Раҳмон,
                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 30.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дирӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти   назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва хадамоти шиносномадиҳӣ  доир ба ташвиқу тарғиби дурусти «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» семинари амалӣ баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Маърифат САЙФУЛЛОЗОДА, ки дар ин семинар ширкат дошт,  мулоҳизаҳояшро перомуни масъалаҳои баррасишуда чунин ба қалам овардааст.

…Дар семинар  муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Саодатшо Матробиён доир ба мавзуи  «Риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва номгузорӣ ба кӯдакон» маъруза карда,  иброз дошт, ки «ҳамон гунае, ки муқаддасоти миллӣ муаррифи давлатанд, ҳамин гуна номи миллӣ доштан низ муаррифи шаҳрванди ин ё он давлат мебошад».

Ба зикри номбурда, зарур аст, ки ҳар як  падару модар вақте ба фарзандаш ном мегузорад, пеш аз ҳама, бояд номи зебо ва сазовори тоҷикона  интихоб кунад, то фардо ҳамон фарзанд дар миёну хосу ом аз номи худаш   шарм накунад.

Воқеан ҳам чунин ҳолатҳо бисёр рух медиҳанд, ки ҳар кадоми мо дар зиндагӣ шоҳидашон шудаем. Вақте дар мактаби миёна таҳсил мекардам, яке аз ҳамсинфонамон Гургалӣ ном дошт. Ҳар вақте муаллимон дар журнали синф номашро мехонданд, бачаҳои дигар ба вай механдиданд. Баъд, вақти танаффус ҳатто духтарҳо сӯяш писханд зада, мегуфтанд: «Дар олам ном кам буд, ки ба ту номи як ҳайвони ваҳширо мондаанд?!» Бечора Гургалӣ аз ин ҳама худро хеле нороҳат ҳис мекард, ҳарчанд маълум буд, ки ин ном фақат ба як худи ӯ «ҳадя» нашудааст ва   «Гург»-у  «Гургалӣ ва   «Бӯрӣ» (тарҷумаи ӯзбекии ҳамин ном)-ҳои дигар низ ҳастанд ва ин номҳоро волидайнашон, аз рӯи таомули куҳна ва ноҷо гузоштаанд.

Дар мавриди ҳамсинфи худам ҳамин қадарро медонистам, ки то ба дунё омадани ӯ чанд бародару хоҳараш дар тифлӣ аз олам гузаштаанд. Ва падару модараш бо маслиҳати аҳли  деҳа ӯро аввал «аз даҳони гург гузаронида», сипас номашро Гургалӣ ниҳодаанд. Ва ӯ гӯё  ба шарофати  чунин ном гирифтанаш зинда мондааст.

Вале чунин ақида, албатта, ба ҷуз хурофот чизи дигаре нест.

Мегӯянд, ки баъди хатми мактаб ва соҳиби маълумот шуданаш ӯ бо ибтикори худ дар хонаашон маърака ороста, номашро дигар кардааст.

Дар шаҳри Ваҳдат, ки ман он ҷо ба воя расидаам, чунин номҳои булъаҷаб, мутаассифона, зиёд вомехӯрданд. Занеро медонам, ки Лунагул ном дошт ва аз ин парвое ҳам намекард. Ӯ 2 январи соли 1959 таваллуд шуда будааст, рӯзе, ки киштии кайҳонии «Луна»-и Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба  сайёраи Моҳ парвоз кардааст ва аз ғояти шодию ифтихор  падару модар ба тифли навзоди худ чунин ном гузоштаанд.

Қисса мекунанд, ки баъди чандин сол дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», замоне, ки шоираи маъруф Гулрухсор сармуҳаррири он буд, дар бораи номи ин зан, ки он вақт дар мактаб мехондааст, фелйетон чоп шуда будааст. Баъди он волидайнаш маҷбур мешаванд номи духтарашонро дигар кунанд, вале аллакай дер шуда буд: ҳамдеҳагонаш ӯро ҳамоно  ва то ҳозир Лунагул гуфта,  ном мебаранд.

Ё худ яке аз донишмандони намоёни соҳаи физикаю математикаи Тоҷикистон, ки берун аз кишавар низ соҳиби маҳбубият буданд, Мэлс ном доштанд (ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, ёдашон ба хайр!). Он касро падару модарашон барои гиромидошти асосгузорони марксизм-ленинизм (Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин) ба чунин ном сазовор дониста будаанд.

«Бархе аз волидайн ҳангоми номгузории фарзанди худ маънои онро ба инобат намегиранд.  Масалан, номи Абуҳурайра, ки маънояш «падари рӯбоҳон» аст, миёни мардум маъмул гардидааст. Инчунин ба фарзанд гузоштани номи Анас як нав анъана шудааст. Дуруст аст, ки Анас яке аз саҳобаҳои пайғамбарамон (с.а.в) аст, лек ин лақаби ӯ буда, маънояш «гурӯҳи занони бодиянишин» аст…

Дар бораи чунин номгузорӣ ҳикояи аҷиби  нависандаи  доғистонӣ Аҳмадхон Абӯ Бакар «Ба инсон ном ҳадя мекунанд» ёдам меояд, ки дар он муаллиф навиштааст: «Номи инсон! Ин кори  саҳлу сода нест – барои инсон ном интихоб кардан. Ман медонам: падаре, ҳамон дотсент, номи писарашро Электрон мемонад. Ҳарчанд бобою бибии тифли навзод монеъ шудан мехоҳанд, бефоида. Падари номбурда баъд  соҳиби духтар мешавад ва ӯро Станя ном мегузорад –  шакли кутоҳкарда шудаи Гидроэлектростансия!..».

Дар семинари дирӯза сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Раҷабзода доир ба «Таҳлили сабти ному насаб дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» маърӯза намуд. Бино ба ақидаи ӯ, аксаран бо сабаби бепарвоӣ ва ё ноогоҳии кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ чунин номҳо ба шаҳодатномаю шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо  роҳ меёбанд. Вале дар чунин ҳолатҳо бояд падару модари тифли навзод бетараф ва бепарво  набошанд.   Зеро ба фарзандон гузоштани номи  хубу зебо яке аз вазифаҳои асосии падару модар аст.

Аз ин лиҳоз, баргузории чунин семинарҳо барои ҳамаи ҷонибҳо саривақтӣ ва муфид хоҳад буд. Ҳадфи асосӣ  — ин интихоби дурусти ном барои фарзандон мебошад, зеро номгузории тоҷикӣ як ҷузъи фарҳанги миллист.

                                                                                

Июнь 30, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои мақомоти гумруки Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷавонон баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Имрӯз — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард