Парлумони Тоҷикистон ба қонуни амният тағйиру иловаҳо ворид намуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Масъалаи мазкурро дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров тавзеҳ дод.
Мавсуф баён дошт, ки мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ташкили фаъолияти дастгоҳи Шӯрои амният ҳамчун воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тобеияти функсионалии роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани он маҳсуб меёбад.
Зикр шуд, ки лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» аз ҷониби Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар робита бо дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои марбута мувофиқа шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






