СИТОРАИ «ЗУЛФ». Дар кайҳон ахтаре ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ гузошта шуд

Июнь 29, 2018 15:20

ДУШАНБЕ, 29.06.2018/. АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ситорае дар кайҳон унвони «Зулф»-ро гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ситораи мазкурро Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июн – дар зодрӯзи шоираи тоҷик таҳти рақами 25290¬_415 ба қайд гирифта, тулӯи мустақимашро дар бурҷи Gemini 06H06m48.66s ва тамоилашро 23 ◦38’18.97 муайян намудааст.

Бояд гуфт, ки Зулфия Атоӣ аз зумраи адибаҳои маъруфи тоҷик буда, шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, туркманӣ, гурҷӣ, франсузӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайра тарҷума ва  интишор шудаанд.

Зулфия 15 июни соли 1954 дар деҳаи  Қалъаи Азими ноҳияи  Ғончӣ  дар хонаводаи  омўзгор  чашм  ба олами  ҳастӣ кушодааст. Соли 1970 ба факултаи  забон ва адабиёти  Универститети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, пас аз соле барои  таҳсил ба шаҳри  Москва рафт ва дар бахши назми Институти  адабии ба номи М. Горкий ба таҳсил оғоз намуд.

Соли 1977 баъди  хатми Институти  адабӣ ба шаҳри  Душанбе  омада, то соли 1983 дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» ( ҳоло «Ҷумҳурият») ба  рӯзноманигорӣ  машғул гашт.

Аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи  «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирўза») ба ҳайси мудири шуъба, аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омўзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст. Аз  соли 1990 то соли 1993 дар хона  машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияи фарзандон буд. Ў аз соли 1993 сардабири Муассисаи  давлатии маҷаллаи бонувон «Фирўза» буд.

Аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  аст. Соли 2010 ба унвони Шоири халқии  Тоҷикистон  сазовор гардид.

Шоираи тоҷикро соли 2011 барои  саҳми  арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Россия бо ордени  «Дили Данко» сазовор донистанд. Ӯ ҳамчунин узви ифтихории  Академияи  байналхалқии  фарҳанг, илм ва  тиҷорати Санкт-Петербург интихоб гардидааст.

Зулфия Атоӣ дар сафи  аҳли  адабиёту фарҳанг ба кишваҳои   Покистон, Россия, Украина, Ҳолландия, Германия, Гурҷистон, Амрико,  Қазоқистон,  Қирғизистону Туркманистон сафари эҷодӣ  анҷом додааст.

Зулфия Атоӣ барандаи  Ҷоизаи  Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1995) мебошад. Соли 1997 бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. Аълочии  маориф  ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Соли 2005 ба Ҷоизаи   Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ сазовор дониста шудааст.

 

 

 

 

Июнь 29, 2018 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад