Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини муҳтарам!
Мулоқоти имрӯзаи мову шумо — мардуми ҳунарманду заҳматқарини шаҳри бостонии Истаравшан дар арафаи ҷашни ваҳдати миллӣ баргузор мегардад.
Бинобар ин, ҳамаи шумо, сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонӣ, кулли мардуми Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.
Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки ин иқдом, пеш аз ҳама, бо дарназардошти имкониятҳои васеъи кишварамон барои пешрафти ин соҳаи муҳим, бахусус, ободии шаҳрҳои қадима, ки дар ҳудуди онҳо ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ҳифз гардида, мардум ҳунарҳои аҷдодиро пос медоранду идома медиҳанд, қабул карда шуд.
Истаравшани бостонӣ яке аз чунин шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги дерина дорад ва тайи асрҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии минтақа нақши муассир бозидааст. Номи Истаравшан дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар қатори бузургтарин шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардидааст.
Нахустин сарчашмаҳои то замони мо расида, ки баъзеи онҳо ҳатто ба асри шашуми то милод нисбат дода мешаванд, собит месозанд, ки Истаравшан яке аз марказҳои бузурги Суғди бостонӣ ба шумор мерафтааст.
То ба рӯзгори мо маҳфуз мондани беш аз 150 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ дар шаҳри Истаравшан, ки ҳар яке аз онҳо собиқаи аз 300 то 1500 – сола дорад, гузаштаи бисёр деринаи онро нишон медиҳад.
Мақбараҳои Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII) ва Хоҷа Абдуқодири Ҷелонӣ (асри ХУ), Боботағои Валӣ (асри ХУ), Сари Мазор (асри ХVI), маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХIХ), Чор Гумбаз (асри Х1Х), Савристон ва даҳҳо ёдгории дигар дар баробари муаррифии мероси бузурги таърихии миллати тоҷик беҳтарин намунаҳои ҳунари сокинони шаҳр, аз ҷумла наҷҷорону наққошон, кандакорон ва дигар ҳунармандон ба шумор мераванд.
Рисолаву девонҳо ва осори хаттии фаровон дар қаламрави шаҳри Истаравшан гувоҳи равшани он аст, ки дар гузаштаи дуру наздик аз ин диёр суханварону олимон, адибону донишмандони зиёде бархоста, дар ривоҷи фарҳанги миллии халқи тоҷик саҳми муносиб гузоштаанд.
Масалан, дар аксари сарчашмаҳои таърихии даврони Сомониён зикр шудани номи Истаравшан аз он шаҳодат медиҳад, ки саҳми аҳли илму адаб ва ҳунармандони он дар ташаккули тамаддуни ин давраи тиллоии таърихи миллати тоҷик хеле арзишманд будааст.
Ҳамдиёрони азиз!
Яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадима будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кушку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор меравад.
Донишмандон чунин мешуморанд, ки таърихи гузаштаи мо намунаи шаҳреро чун Истаравшан — шаҳри иборат аз қалъаҳои зиёд дар ёд надорад. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан то замони мо шумораи зиёди чунин қалъаҳо ҳифз шудаанд, ки ҳамагӣ исботи шаҳомати таърихии ин шаҳри бостонӣ мебошанд.
Имрӯз номи ин ёдгориҳои куҳани таърихӣ дар деҳаву гузарҳои шаҳр побарҷо мондаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, Қалъаи Меҳтар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва монанди онҳо мебошанд.
Дар миёни ин ёдгориҳо ҷойгоҳи Қалъаи Муғ ё Муғтеппа, ки имрӯз мову шумо пас аз таҷдиду тармим дар маросими ифтитоҳи он қарор дорем, қобили таъкиди махсус аст.
Ин намунаи бузурги мероси куҳани тоҷикон, ки замони бунёди он ба асри панҷуми то милод пайванд дорад, баъдан беҳтарин унсурҳои меъмории миллати қадимаи моро дар бар гирифтааст.
Қалъа дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардида, масофаи деворҳои он беш аз 600 метр ва майдони умумиаш 6 гектарро дар бар гирифтааст. Ҳанӯз тобистони соли 1933 зери раҳнамоии шарқшиноси маъруф А.Фрейман дар ин қалъаи қадима ҳафриёти бостоншиносӣ амалӣ гардида, аз харобаҳои он зиёда аз сад бозёфти нодири таърихии мансуб ба асрҳои сеюму дуюми то милод пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, аз бойгонии қалъа беш аз 80 ҳуҷҷат бо забонҳои суғдӣ ва арабиву чинӣ пайдо гардидаанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву хориҷӣ қарор доранд. Бозёфтҳо баёнгари онанд, ки ин кохи муҳташами бостонӣ дар тӯли тамоми таърихи мавҷудияти худ макони волиёну ҳокимони ин қаламрав буда, ҳамин рисолати бузурги таърихиро чи дар аҳди бостон ва чи дар даврони исломӣ ба шоистагӣ иҷро кардааст.
Чанд сол пеш бо мақсади таҷдиду барқарор сохтани ин ёдгории куҳани таърихӣ Ҳукумати мамлакат қарор кард, ки “Муғтеппа” бо ҳамаи шукӯҳу шаҳомати гузаштааш азнавсозӣ карда шавад.
Басо рамзист, ки корҳои тармиму азнавсозии он дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба анҷом расида, имрӯз дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун туҳфаи арзанда якҷо бо амфитеатр барои 5100 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Таҷдиду барқарорсозии ин маҷмааи бузург дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд.
Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба роҳбарону мутахассисон, бинокорони ширкатҳои сохтмонӣ ва ҳамаи соҳибкорону шахсоне, ки дар кори азнавсозии ин маҷмааи бузурги таърихиву фарҳангӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дар раванди барқарорсозии номҳои таърихии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ба ифтихори 2500 — солагии ин шаҳри қадима номи куҳани онро барқарор намуд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор кунем, ки эҳёи Истаравшани бостонӣ, аз ҷумла ривоҷи ҳунарҳои милливу мардумӣ дар он самараи соҳибихтиёрии давлати тоҷикон ба шумор меравад.
Тайи зиёда аз бисту шаш соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Вобаста ба ин, мехоҳам як нуктаро таъкид намоям, ки вусъати корҳои сохтмону ободкорӣ, хусусан, тармиму таҷдиди роҳҳои дохилӣ ва берунии шаҳр метавонад ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону меҳмонони ватаниву хориҷӣ мусоидат намояд, зеро шаҳри Истаравшан дар баробари яке аз сарзаминҳои қадимаи таърихиву фарҳангии мамлакат буданаш, дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Хуҷанд қарор дорад ва ҳар рӯз аз ҳудуди он ҳазорон нафар мегузаранд.
Шаҳри Истаравшан яке аз куҳантарин шаҳрҳои ривоҷи ҳунар ва ҳунармандӣ ба шумор рафта, бисёр кӯчаву гузарҳои шаҳр номи касбу ҳунарҳои миллии сокинонашро доранд.
Тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ дар гузашта дар шаҳри Истаравшан қариб 700 дӯкони ҳунармандон фаъолият доштааст, ки дар онҳо маснуоти ҳунармандӣ ба фурӯш гузошта мешудааст.
То имрӯз гузарҳои мисгарону оҳангарон, кордгарону кулолгарон, шонатарошону дуредгарон, сангтарошону мӯзадӯзон, қолинбофону танӯрсозон, читгарон ва монанди инҳо боқӣ мондаанд, ки гувоҳи ривоҷи навъҳои гуногуни ҳунармандӣ дар ин гӯшаи диёрамон мебошанд.
Ҳарчанд ки имрӯз низ мардуми ин диёр ба нигоҳ доштану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ эътибори зиёд медиҳанд ва дӯконҳои ҳунармандон дар кӯчаву бозорҳои гуногуни шаҳр фаъолият мекунанд, вале ин ҳамаро бояд ба як низоми муайян даровард, то ин ки шаҳомати таърихӣ ва воқеии шаҳри ҳунармандон будани Истаравшан пурра намудор ва барқарор гардад.
Маҳз бо ҳамин мақсад, чанде пеш ман дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат ба роҳбарону масъулон супориш додам, ки дар ҳудуди Қалъаи Муғ шумораи ҳарчи бештари дӯконҳои ҳунармандиро бунёд кунанд, то ки ҳунармандон дар онҳо ҳам ба кори худ машғул бошанд ва ҳам маҳсули ҳунари худро ба меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба ин шаҳр ва тамошои қалъаи муҳташами он меоянд, барои намоиш гузошта тавонанд.
Дар атрофи Муғтеппа имконият барои ҷой кардани дӯконҳои ҳунармандон бо сесад ҷойи корӣ мавҷуд аст. Ин беҳтарин роҳи муаррифии ҳунарҳои миллии мо, дастовардҳои ҳунармандони шаҳр ва дар айни замон, беҳтар кардани шароити зиндагии мардум мебошад.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки маҳсули дасти ҳунармандони Истаравшан, алалхусус, кордгаронро имрӯз дар осорхонаву намоишгоҳҳои мамолики гуногуни ҷаҳон, коллексияҳои шахсӣ ва хонаи шахсони алоҳида дар кишварҳои мухталиф дидан мумкин аст.
Ҳоло дар шаҳри Истаравшан садҳо нафар ҷавонону духтарон қариб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Литсейи касбҳои техникӣ ва Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагиву кандакорӣ, сохтани армуғон аз чӯб, дуредгариву кафшергарӣ, гаҷкориву гулдӯзӣ, заргариву мисгарӣ, оҳангарӣ, наққошиву қолинбофӣ, зардӯзиву кашидадӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва тарроҳии либосҳои миллӣ таҳсил мекунанд.
Фаъолияти ин ду муассисаи омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ дар шаҳри Истаравшан воқеан як мактаби бузурги такмилу ривоҷи ҳунармандӣ ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, роҳбарону масъулинро зарур аст, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои таҳсил ва аз дигар шаҳру навоҳии кишвар бештар ҷалб кардани ҷавонон сохтмони биноҳои таълимии коллеҷи зикршударо суръат бахшанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки мушоҳида мегардад, дар шаҳри Истаравшан тайи солҳои охир хеле корҳои бунёдкориву созандагӣ ба анҷом расидаанд. Танҳо соли 2017 сохтмони зиёда аз 30 иншооту биноҳои хурду калони таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва хизматрасонӣ оғоз ёфта, аз онҳо то имрӯз 9 иншоот ба истифода супорида шудааст.
Дар идомаи корҳои сохтмони шаҳракҳои нав дар ҳудуди вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан низ бунёди як мавзеи аҳолинишин бо номи «Баҳористон» оғоз гардид, ки ҳоло дар он корҳои сохтмон бомаром ҷараён доранд.
Бунёди ин шаҳраки нав имконият медиҳад, ки шумораи эҳтиёҷмандон ба манзил хеле кам гардида, дар баробари ин, як шаҳраки муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба вуҷуд оварда шавад.
Қобили таъкид ва таҳсин аст, ки тоҷикон аз дергоҳи таърих чун миллати фарҳангпарвару башардӯст, созандаву офаранда ва заҳматпешаву ободгар эътироф шудаанд ва ҳамин фазилати нодири халқи шарафмандамон аст, ки мардуми мо ҳар як санаву ҷашни милливу давлатиро бо дастовези арзанда истиқбол мегиранд.
Имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи замонавӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ширкат доштем, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхона ва дигар иншооти муҳим туҳфаи арзандаи сокинони шарафманди шаҳри Истаравшан ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад.
Мо инчунин, дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ иштирок кардем ва итминон дорем, ки минбаъд майдони ҳар ду рамзи муқаддаси миллиамон ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ дар таҳкими худшиносиву ифтихори миллӣ ва боло рафтани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон нақши муассир хоҳанд гузошт.
Дар баробари ин, мо имрӯз санги асоси бинои 16 — ошёнаи маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи абрешим”-ро гузоштем, ки аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси шаҳри Истаравшан бунёд мегардад. Инчунин, дар маросими ба истифода супоридани маркази савдову хизматрасонии «Фаровон» иштирок кардем.
Иншооту биноҳои навбунёди имрӯза имконият медиҳанд, ки дар онҳо садҳо нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин карда шаванд.
Бо қаноатмандӣ мехоҳам хотирнишон созам, ки дар як фурсати кӯтоҳ ба истифода дода шудани чунин иншооти замонавӣ ва вусъат гирифтани корҳои созандагӣ боиси бисёр ободу зебо шудани шаҳри бостонии Истаравшан гардидаанд.
Шубҳае нест, ки ҳамаи роҳбарону масъулон ва кулли мардуми сарбаланди шаҳри Истаравшан, инчунин, соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланд ва бонангу номус минбаъд дар роҳи татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиши бештар карда, дар ободиву пешрафти кишвари маҳбубу биҳиштосоямон – Тоҷикистон, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар иртибот ба ин, як масъалаи муҳимро таъкид менамоям, ки падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру деҳот ва ҳар фарде, ки тақдири наслҳои ояндасози миллат ва фардои Ватан барояшон азиз аст, бояд ба тарбияи наврасону ҷавонон, яъне фарзандони худ бо камоли масъулият муносибат намоянд, то ки онҳо боиси ифтихори волидайни худ ва мардуми соҳибмаърифати шаҳри Истаравшан гарданд.
Ҳоло аз шумораи умумии аҳолии шаҳри Истаравшан қариб 100 ҳазор нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Роҳбарону масъулон ва соҳибкорон бояд кӯшиш кунанд, ки тавассути таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳарчи бештар ҷойи корӣ, хусусан, барои ҷавонон фароҳам оваранд.
Илова бар ин, зарур аст, ки барои истиқболи арзандаи 30-солагии истиқлолияти давлатии кишварамон, яъне дар давоми се соли оянда дар тамоми қаламрави кишвар корҳои ободониро вусъат дода, аз маркази шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот то ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммому сартарошхона, сохтмону тармими роҳу пулҳо, иншооти обрасонӣ ва дигар корҳои созандагӣ васеъ ба роҳ монда шаванд.
Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки ҳар яки мо бояд ба қадри истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон расем, ин неъмати бебаҳои зиндагиамонро азизу гиромӣ дорем, барои ҳифзи он, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон омодаи хизмат бошем.
Бо орзуи саодати ҳамешагӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар яки шумо, инчунин, бо изҳори миннатдории самимона аз пазироӣ ва истиқболи гарми мардуми соҳибмаърифати шаҳри Истаравшан бори дигар фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қалъаи таърихии “Муғтеппа” — ифтихори ҳамаи сокинони кишварро ба мардуми шарифи Тоҷикистон, сокинони вилояти Суғд ва шаҳри бостонии Истаравшан табрик мегӯям.
Орзумандам, ки дар фазои ин кохи муҳташами таърихӣ ҳамеша суруди сулҳу ваҳдати абадиву пойдори мардуми Тоҷикистони азизамон садо диҳад.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Ҳамеша сарбаланду хонаобод ва муваффақу пирӯз бошед!