Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Покистон

Июнь 19, 2018 16:16

19.06.2018, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст, бори дигар ташрифи Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусайн, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикстон хайрамақдам мегӯям.

Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сафи шарикони калидии мо қарор дорад.

Мо аз раванди рушдёбандаи тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Музокироти имрӯзаи мо дар фазои барои муносибатҳои ду кишвар хоси ҳамдигарфаҳмии пурра, созандагӣ ва ҳусни эътимоди комил доир гаштанд.

Боварии комил дорам, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон ба робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯсти мо нерӯи нав бахшида, омили густариши бештари маҷмӯи ҳамкориҳои тарафҳоро ташкил хоҳанд дод.

Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки ҳамкории фарогиру созандаи тарафҳо дар соҳаҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҷавобгӯи манфиатҳои милливу дарозмуддати ду кишвар буда, ба густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказию Ҷанубӣ мусоидат менамояд.

Бо ибрози алоқамандӣ ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ мо аҳаммияти Комиссияи муштараки байниҳукуматиро махсусан таъкид намудем.

Аз ҳисоби фаъолияти самарабахши Комиссия боз ҳам ғанитар гардонидани мазмуну муҳтавои ҳамкориҳои мо дар ин арса амри муҳим дониста шуд.

Дар ин зимн афзоиш додани ҳаҷми савдои хориҷии байни ду кишвар то ба 500 миллион доллари амрикоӣ дар меҳвари гуфтушуниди ҷонибҳо қарор дошт.

Мо изҳори умед намудем, ки доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи кишвари мо иштироки судманд хоҳанд кард.

Мо омодаем, ки ҷиҳати ҳамкориҳои ҷонибҳо алалхусус дар татбиқи барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикию нақлиётӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ шароити мусоид фароҳам орем.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур бо хушкӣ бори дигар алоқамандии худро ба истифодаи имкониятҳои бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитии он барои тавсеаи тиҷорати минтақавӣ иброз дошт.

Дар ин замина зарурати барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ низ мавриди баррасӣ қарор дошт.

Айни замон дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика, якчанд лоиҳаҳо амалӣ шуда истодаанд, ки имкониятҳои густариши ҳамкориҳои моро дар ин ҷода афзун мегардонанд.

Дар ин росто оғози ҳарчи зудтари татбиқи яке аз лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ – КАСА – 1000 махсус таъкид гардид.

Ҳар ду ҷониб ба мавзӯоти густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Мо ба дурнамои неки робитаҳоямон дар соҳаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмию техникӣ ишора кардем.

Дар ҷараёни музокирот атрофи доираи васеи масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Дар ин иртибот ба мавзӯи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба ва рушду такомули онҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои ҳамкории Шанхай, ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Ба эътидол овардани вазъи Афғонистон ва истиқрори сулҳу суботи комил дар ин кишвари ҳамсоя яке аз мавзӯъҳои меҳварии музокироти мо буд.

Ба манзури мусоидат ба ин раванд мо тасмим гирифтем, ки ҳамоҳангию ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаро таҳкими бештар бахшем.

Ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муассир алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноякории муташаккили фаромиллӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатар эҷод месозанд, дар маркази диққати мо қарор доштанд.

Масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ҷавҳари ҳамшарикии кишварҳои моро дар соҳаи амният ташкил медиҳанд.

Мо сари он қарор омадем, ки ҳамкориҳои судмандамонро дар ин арса таҳким бахшида, пеш барем.

Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯза бо Ҷаноби Олӣ Мамнун Ҳусейн изҳори қаноатмандӣ намуда, муҳим арзёбӣ менамояд.

Акнун фурсати суханро бо камоли майл ба Ҷаноби Олӣ медиҳам. Марҳамат.

 

Июнь 19, 2018 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Оғози пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд