Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе- дастовези идона ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Июнь 25, 2018 16:30

ДУШАНБЕ, 25.06.2018/ АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги логистикӣ  дар Осиёи Марказӣ –Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе /ФБД/ дар маросими ботантана  ба истифода дода шуд. . Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, масъулини  Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Президенти  Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ /JICA/ Шиничи Китаока, роҳбарият ва намояндагони вазорати нақлиёт ва дигар вазорату идораҳои  марбутаи Тоҷикистон, ФБД, Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон-мутахассисони ширкатҳои японӣ иштирок намуданд.  

Сарвазири мамлакат зимни суханронӣ  аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Япония, хусусан ба  роҳбарияти JICA  барои бунёди Терминали боркашонӣ дар ФБД арзи сипос намуд. Бо дахли ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Япония Сарвазири кишвар афзуд, ки Япония дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, яке аз шарикони иқтисодии кишварамон маҳсуб меёбад. Дар ин росто, Сарвазири ҷумҳурӣ ба сатҳи ҳамкории иқтисодии ду кишвар баҳои баланд дод. Мавсуф татбиқи лоиҳаи «Беҳтар кардани  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро, ки дар доираи он Терминали боркашонии ФБД бунёд гардида, ба истифода дода шуд,  самараи неки ҳамкории иқтисодиии Тоҷикистону Япония  маънидод кард.

Бояд тазаккур дод, ки корҳои сохтмонии Терминали боркашонии ФБД моҳи феврали соли 2017 оғоз гардида,  дар он 120 нафар мутахассисони маҳаллӣ ва японӣ  фаъолият намуданд. Лоиҳаи иншооти  мазкур дар ду  марҳила татбиқ карда шуд.

Соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA Созишномаи грантӣ ба имзо расид, ки тибқи он Ҳукумати Япония барои сохтмони Терминали боркашонӣ дар ФБД   беш аз 1,9 миллиард йен ё  17,5 миллион доллар   ҷудо намуд.

Дар маҷмӯъ, иншооти мазкур  бо ҷалби сармояи японӣ ба маблағи беш аз 17 миллион доллар бунёд карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки  бунёди Терминали наву муосири боркашонӣ дар ФБД  ба таҳкими пойгоҳи моддию техникии ФБД, баланд бардоштани иқтидори боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба бозори дохилӣ ҷалб намудани ширкатҳои хориҷии таҳвилдиҳандаи бор,  афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти  маҳсулоти кишоварзию саноатӣ  ва дар маҷмӯъ, барои бунёди шабакаи хатсайрҳои  транзитӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  сармутахассиси  шуъбаи сохтмон ва меъмории ФБД  Одил Бобоев иттилоъ дод, Терминали боркашонии “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”  дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз бузургтарин маркази логистикӣ буда, иқтидори солонаи боркашонии он ба таҳвили 20 ҳазор тонна молу маҳсулот  баробар аст. Терминали боркашонии ФБД дар масоҳати  3,7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст. Он аз ду қисмат –анбор ва ҳуҷраҳои корӣ иборат буда, бо техникаю таҷҳизоти муосири сардкунанада ва барои нигоҳ доштани маҳсулот мувофиқ ҷиҳозонида шудааст.

Ҳамзамон Одил Бобоев гуфт, ки бо бунёд ва ба истифода додани  Терминали боркашонии ФБД  ҳудуди беш аз  70 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ  бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба истифода додани Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои мардуми кишвар ва рушди иқтисодиёти миллӣ дастовези  арзанда мебошад.

       Марзия САИДЗОДА,
                                                               АМИТ «Ховар»     

Июнь 25, 2018 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд