«Тимсоли барҷастаи ақлгароӣ ба муқобили ифротгароӣ», – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии нашрияи расмӣ — «Ҷумҳурият» (13.06.2018, №117) бо дастури зерини Пешвои миллат: «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд гардида, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад» пешкаши хонандагон шудааст. Дар тақвияти суханони Пешвои миллат нашрия мақолаи «Варзоб – макони истироҳат ва саёҳат»-ро нашр кардааст, ки дар он оид ба осоишгоҳҳои дар дараи Варзоб ҷойгирбуда: «Кохи Малика», «Варзоб-палас», «Гулобод», «Гули майда», «Сароб» ва маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» маълумоти муфассалу ҷолиб пешниҳоди хонандагон шудааст. «Олами набототи ноҳияи Варзоб гуногун буда, рустаниҳои мевадиҳанда, ороишӣ, доругӣ ва асаловар хеле бисёранд. Аз 145 рустании худрӯй дору тайёр мекунанд. Арчазор 50 фоизи ҷангали ноҳияро ташкил медиҳанд. Дар кӯҳу дараҳо хирс, гург, қашқалдоқ, хуки ёбоӣ, оҳу, ҷайра, рӯбоҳ, сағур зиёданд. Дар Варзоб 46 намуди парранда, ба монанди уқоби морхӯр, каргас, булбул, соч, саъба ва ғайра мавҷуд аст», — навиштааст муаллифи мақола.
Мундариҷаи шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (14.06.2018, №118) аз хабару мақолаҳои зерин: «Сулҳофарӣ. Сабақе, ки ҷаҳониён талоши омӯхтан доранд», «Меҳр ва масъулияти ватандорӣ»,«Реадмиссия. Тасвиби боз як санади муҳим», «Хушксолӣ. Зарари камборишӣ ҷубронпазир аст», «Ифротгаро – гумроҳи бедину бемиллат», «Панҷакентро ба маркази сайёҳии байналмилалӣ табдил диҳем» ва дигар гузориши журналистӣ ва маводи таблиғотӣ иборат ёфтааст. Муаллифи мақолаи «Сулҳофарӣ. Сабақе, ки ҷаҳониён талоши омӯхтан доранд» Г.Зулфиев ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ азхудгузаштанҳо, қаҳрамониҳо ва масъулиятшиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон ёдоварӣ кардааст: «Бо вуҷуди ҳама хиёнату аҳдшиканӣ ва найрангу макри рақибони миллати куҳанбунёди тоҷик, Президенти маҳбуби кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти давлатдориву ватанхоҳӣ, бо баҳои ҷон, бо заҳмати фаровон дар муддати кӯтоҳ ба ҳамаи парокандагиву нобасомонӣ ва торикандешиву ҷаҳолатхоҳӣ хотима бахшида, сарҷамъиву ваҳдатро ба армуғон овард, ки имрӯз ин шоҳкории Пешвои миллати мо мактаби омӯзиши кулли башар қарор дорад ва тимсоли барҷастаи ақлгароӣ ба муқобили ифротгароист».
Дар идомаи мавзӯи ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» бо сарлавҳаи «Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулм табдил додаанд» андешаҳои вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашар Ҷовид Акбарро чоп кардааст. Номбурда зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» чунин зикр карда буд: «Тоҷикистон бо терроризм муваффақона мубориза бурд, ғалаба кард ва мавҷи онро дар як давраи ҳассос барҳам дод. Мо бояд маънои ин дастовардро дарк карда, эътироф намоем, ки таҷрибаи нодири Президент ва давлати Тоҷикистон дар фурӯ нишондани даргириҳои ду даҳсола пеш на фақат таъмини субот дар кишвар, балки наҷоти Осиёи Марказӣ аз ҳузури террористон ва пешгирии тасвеаи ифротгароӣ дар минтақа буд. Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро гирифт, ки метавонист Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳрҳои Хазару Сиёҳ ва Ироқу кишварҳои Левант доман занад».
Нашрияи «Народная газета» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақолаи «Пайрави Борбад»-ро навиштааст. Қаҳрамони мақолаи мазкур Усто Давлат, ки дар ноҳияи дурдасти Муъминобод зиндагӣ мекунад, ба сохтани асбобҳои миллии мусиқӣ- рубоб ва ғижжак машғул аст. Усто Давлат дар баробари ҳунари бобоӣ ҳамчунин дар назди усто Абдураҳим Собиров – падари ҳунарманди машҳури балет Малика Собирова низ таълим гирифта, имрӯз ҳунари худро ба фарзандону наберагони худ меомӯзонад.
«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм ҷадвали баргузории имтиҳонҳоро дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши довталабон намуда, оид ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ва қисмҳои он шарҳу эзоҳи муфассал чоп намудааст. Мақолаҳои «Натиҷагириҳо аз донишҳои андӯхта», «Фаъолияти муассисаҳои таълимиро вусъат бояд бахшид», «Оғози хуб дарсро ҷолиб месозад», «Хушнавис зебопараст мешавад», «Омӯзиши луғат дар дарсҳои забони англисӣ», «Заволи неъмат андар носипосист» аз фаъолияти мактабу маориф дар мамлакат нақл мекунанд.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» оид ба сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, мулоқотҳои судманд бо президенти Федератсияи Россия В.Путин, президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Жээнбеков, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, президенти Покистон Мамнун Ҳусейн, Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин, суханрониҳои Пешвои миллат дар ин ҳамоиши байналмилалӣ гузориши муфассал бознашр кардааст. Нашрия ҳамчунин дар мавзӯъҳои об ва мушкилоти ба он вобаста, тандурустӣ ва зарари тамоку, сайёҳӣ ва роҳҳои рушди он, ҷомеаи муосир ва хатарҳои замони нав мақолаҳои ҷолиб пешкаши хонандагон намудааст.