Ҳунарманди мардумӣ усто Аъзам маҳсулоти офаридаашро мувофиқи сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон нархгузорӣ менамояд
ЛАХШ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аъзам Камолов солҳост бо ҳунари дастони хеш дар яке аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар хизмати сокинони ноҳияи Лахш қарор дорад ва маҳсули дастони усто Аъзамро шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон низ харидорӣ менамоянд. Ӯ мегӯяд, ки касбҳои гаҳворасозию сандуқсозӣ ва дару тиреза тайёр карданро аз падари худ омӯхтааст. Пас аз Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои ҳунармандони мардумӣ сабукиҳо дода шуданд.
Усто Аъзам бо дастгирии ҳукумати ноҳия коргоҳи худро аз Ҷамоати Пилдон ба маркази ноҳия гузаронида, имрӯзҳо ба 20 нафар шогирдон ҳунар меомӯзад.
Аъзам Камолов хеле устои моҳир буда, дар сохтани дару тиреза, сандуқҳои гуногун, ҷевон, мизу курсӣ, гаҳвора ва дигар маҳсулоти аз чӯб омодашаванда маҳорати баланд дорад. Усто Аъзам иброз медорад, ки «ноҳияи Лахш диёри зебост ва имрӯзҳо аксари ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби шахсони хоксору матиниродаи ин водӣ нигоҳбонӣ ва аз насл ба насл гузаштаанд, аз нав эҳё мегарданд. Ҳамчунин бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки он ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ таъсири бузург расонид ва барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, ҳисси ватандорӣ, инчунин арҷгузорӣ ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир дорад».
Усто Аъзам маҳсулоти тайёр кардаашро мувофиқи сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон нархгузорӣ менамояд, ки ин чун кумаки моддӣ ба сокинони корафтодаи кӯҳистон мебошад. Сандуқу гаҳвора ва дигар маҳсулоти истеҳсолкардаи Аъзам Камоловро бештар барои гузаронидани тӯю маъракаҳо харид менамоянд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Лахш, имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолӣ оид ба қолинбофии дастӣ, ҷӯроббофӣ, пойафзолҳои хонагӣ, армуғону ҷузвдонҳо ва қолинчаҳо барои курсӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ- пашми чорвои шохдори майда хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳунари гулдузӣ ва чакидадӯзӣ низ дар ноҳия ривоҷ ёфта, қариб ҳама бонувон аз ин ҳунарҳо бохабаранд Дар байни мардуми ноҳияи Лахш намадбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, бофтани маҳсулоти пашмин, кешбофӣ, сабадбофӣ ва тоқидӯзӣ барин ҳунарҳо роиҷ мебошанд.
Ҳунармандони ноҳия маҳсули дастранҷи худро имрӯзҳо дар бозорҳои ҳудуди ноҳия ба фурӯш мебароранд.
Ҳамзамон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ дар маркази ноҳия ва берун аз он барои ҷалби бештари муштариён ин гуна маҳсулот ба намоиш гузошта мешаванд.










САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






