ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Июнь 6, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 06.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Худро адвокат муаррифӣ намудани қаллоб

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 34-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда моҳи декабри соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 68-солаи сокини маҳаллаи Испечаки ноҳияи Сино даромада, худро ҳамчун ҳимоятгар (адвокат) муарифӣ карда, барои аз ҷавобгарӣ озод намудани бародараш аз ӯ 20000 доллари амрикоӣ талаб карда, гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Дарёфти сангҳои қиматбаҳои ёқути кабуд

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Навободи ноҳияи Ишкошим ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир гардид.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 2 килограмму 416 грамм санги сурхчатоб ва сафед дарёфт ва гирифта шуд.

Мувофиқи маълумотномаи Назорати давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сангҳои дарёфтшуда ба намуди сангҳои табии ёқути кабуд мансуб мебошанд.

Қасдан оташ задани хонаи ҳамдеҳа

5 июни соли равон ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Соҳили Сири ноҳияи Ашт ҳамчун гумонбар дар қасдан нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шуд.

Номбурда 30 марти соли ҷорӣ, тахминан соати 01:05, бо мақсади қасдан нобуд кардани молу мулк ба назди ҳавлии истиқоматии марди 35-солаи сокини деҳаи Соҳили Сир омада, манзили истиқоматии ӯро қасдан оташ зада, аз ҷоий ҳодиса ғайб задааст.

Қатли мӯйсафед аз ҷониби ҳамсар

4 июни соли 2018, тахминан соатҳои 12:00, аз заминҳои деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор ҷасади марди 78-солаи сокини деҳаи Гулшан бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамсари мӯйсафед, зани 31-солаи сокини деҳаи мазкур, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Номбурда 3 июни соли 2018, тахминан соати 12:30, дар заминҳои канори ҳавлии истиқоматиаш бо шавҳараш ҷанҷол карда, бо мушту лағат якчанд маротиба ба пушти сараш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

 

 

Июнь 6, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд