Ҳайати раёсати аудити миллии Чин аз Парлумони Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 02.07. 2018/АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 25 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтар касб карданд. Матлаби мазкур дар мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо аудитори генералии раёсати аудити миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хю Зе Чун 2 июл дар Душанбе баён гардид.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин матраҳ гардиданд. Зикр шуд, ки натиҷаи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде пеш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт, ба раванди муносиботи дуҷонибаи дӯстона, рушди ҳамкории қарордодиву ҳуқуқӣ ва шарикии стратегии кишварҳоямон такони тоза бахшид.
Таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгириҳои беғаразонаи Ҳукумати Чинро дар заминаи тақвият ва рушди иқтисоди миллӣ қадр мекунанд, аз ин ҷост, ки миёни шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон Чин ҳамоно дар мақоми аввал қарор дорад ва дар заминаи ҷалби сармоягузории соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун сармоягузори бузург ҳисобида мешавад.
Зикр шуд, ки ҷараёни корҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби бештари ширкатҳои чинӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.
Дар мулоқот баён гардид, ки дар 112 муассисаи олии таълимии Чин беш аз ду ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд. Соли 2016 Чин барои барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон 298 бурсия ҷудо намуда буд. Инчунин дар Тоҷикистон се институти Конфутсий амал намуда, дар муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон шуъбаҳои омӯзиши забони чинӣ ба роҳ монда шудаанд.
Мусоҳибон ҳамзамон изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро мегиранд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






