Академияи илмҳои Тоҷикистон: «Натиҷаҳои олимони мо дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазир ва эътироф мегарданд»

Июль 31, 2018 10:00

 ДУШАНБЕ, 31.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар  нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ) беш аз 1 ҳазору 120 кори илмӣ ба табъ расиданд. Дар ин бора имрӯз, 31 июл президенти АИҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки аз ин шумора 88 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра ва бештар аз 1000 мақолаҳои илмӣ мебошанд.

«Дар ин давра 180 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур ба табъ расиданд. Имрӯз натиҷаҳои олимони мо дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазиранд ва эътироф мегарданд»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 3 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 1 қарори мусбат оид ба нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуданд.

Бояд гуфт, ки дар нимсолаи якуми соли 2018  олимони  Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 98 мавзӯъ, аз ҷумла  57 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 23  мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Июль 31, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад