Ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи туризм тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 09.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз туризм ба яке аз соҳаҳои муҳими тараққидиҳандаи иқтисоди давлатҳо табдил ёфтааст. Ҳар як давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷалби сайёҳонро ба кишвар бештар намояд. Дар дунё чандин давлатҳое мавҷуданд, ки танҳо аз ҳисоби сайёҳон иқтисодиёташон пеш меравад ва ривоҷ меёбад. Мувофиқи таҳлили мутахассисони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, дар оянда низ туризм ба яке аз манбаҳои муҳими даромади соф табдил хоҳад ёфт.
Тавре мутахассисон иброз медоранд, шурӯъ аз соли 1950 то соли 2000-ум даромад аз ҳисоби туризм дар ҷаҳон то 200 маротиба афзудааст. Агар соли 1995 дар маҷмӯъ даромади мамолики ҷаҳон аз соҳаи туризм ба 399 миллиард доллар расида бошад, соли 2000-ум ба 621 миллиард доллар баробар шудааст ва ин нишондод соли 2020-ум метавонад зиёда аз 2 триллион долларро ташкил диҳад.
Соҳаи туризм дар Тоҷикистон бо ибтикору роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолияти кишвари азизамон қадамҳои устувор гузошт. Сол аз сол бо таъмиру навсозии роҳу пулҳо, ёдгориҳои таърихию меъмории кишвар шумораи сайёҳон зиёд гардида, соҳаи туризм ривоҷ меёбад. Боз як иқдоми наҷиб ва ташаббуси беназири Сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 буд, ки ин дар рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад буд.
Барои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дорои фарҳанги куҳан, ёдгориҳои меъморию таърихии умумӣ мебошанд, ҳамкорӣ дар соҳаи туризм басо муҳим аст.
Ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ аз 22 октябри соли 1992 бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ оғоз гардида, имрӯз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон то имрӯз зиёда аз 130 Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расидаанд, ки миёни онҳо «Созишнома оид ба дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории дуҷониба» аз 4 январи соли 1993 ва «Аҳдномаи дӯстии абадӣ» аз 15 июни соли 2000 мақоми хосеро соҳиб мебошанд.
Бояд гуфт, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2018 дар ҳамкории ду кишвари ба ҳам дӯст саҳифаи тамоман нав боз кард. Дар ҷараёни музокироти хоссаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои навини байнидавлатии ду кишвар хосанд, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми дуҷониба муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимод фароҳам меоваранд».
Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тамоюлҳои мусбати даврони охирро дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла, ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкории фарҳангиву иҷтимоӣ, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои бойи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баҳои баланд дод. Дар иртибот ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби Ӯзбекистонро дар бунёди иншооти гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, сохтмони НБО-и «Роғун» баён кард.
Зимни ин сафар 27 санади дуҷониба, ки аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, ба имзо расиданд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз ва қарори ҷонибҳо оид ба марҳила ба марҳила барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкории ду кишварро дар соҳаи туризм рушд хоҳад дод.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва шиносоии беҳтар бо ҳаёти фарҳангии аҳолии ду кишвар, бо эътирофи ҳавасмандии ду ҷониб дар ташаккул додани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бо назардошти муҳимияти туризм ва сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон, бо кӯшиши ноил гардидан ба ҳамкории самарабахш дар соҳаи сайёҳӣ, бо такя ба шартҳои баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои мутақобила «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» – ро аз 9 марти соли 2018 муҳим дониста, онро ба имзо расониданд.
Дар доираи Созишномаи мазкур Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориро дар асоси принсипҳои баробарӣ ва манфиати мутақобилаи ҳамдигар дар заминаи қонунгузории миллии давлатҳои худ амалӣ намуда, бо мақсади густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои манфиат ва беҳбуди мардумони ҳарду кишвар ва инкишофи равобит байни агентиҳои сайёҳӣ, инчунин корхонаю ташкилотҳои дар соҳаи сайёҳӣ фаъолияткунанда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Созишномаи мазкур аз 12 модда иборат буда, мувофиқи моддаи 4-уми созишнома ҷонибҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳо дар самтҳои зерин фаъолиятро ба роҳ мемонанд:
а) баргузор намудани корҳои тарғибу ташвиқотӣ дар воситаҳои ахбори оммаи ҳар ду кишвар;
б) баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф оид ба рушди сайёҳӣ, аз ҷумла, семинарҳо, конфронсҳо, мулоқотҳои хос дар шакли B2B[1];
в) иштирок дар ярмаркаҳои сайёҳӣ ва намоишгоҳҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегарданд;
г) ташвиқи намудҳои саёҳати солимгардонӣ ва зиёратӣ;
д) ташкил намудани сафарҳои шиносоӣ барои ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷонибҳо;
е) дастгирии ҳамкории ҷонибҳо дар ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
ж) мусоидат дар омодасозӣ ва навтайёркунии мутахассисон барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ бо роҳи мубодилаи таҷрибаи мутахассисони муассисаҳои манфиатдори Тоҷикистону Ӯзбекистон;
з) мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи корӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин оид ба имтиёзҳо дар самти сармоягузорӣ, ки тибқи қонунгузории миллии ду кишвар амалӣ мегарданд;
и) тибқи қонунгузории миллии ҷонибҳо паҳн намудани маводи сайёҳӣ, аз ҷумла, маводи аудио ва видеоии ташвиқкунандаи иқтидори сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои хеле зиёди инкишоф додани соҳаи сайёҳӣ дорад. Тавре мутахассисони соҳа иброз медоранд, агар ба ҷалби мутахассисон ба соҳаи туризм диққати бештар дода шавад, баъди 10 сол туризм имконияти то 25 фоизи таъмин намудани буҷаи мамлакатро дорад.
Тавре маълум аст, кишвари мо асосан бо ёдгориҳои таърихию меъморӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, кӯлу дарёҳо ва табиати нотакрораш сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Дар чор мамнӯъгоҳу 13 паноҳгоҳ ва «Боғи миллии Тоҷикистон» дар шакли аввалаи худ намуди ландшафтҳои нодир, экология ва ёдгориҳои табиӣ нигоҳ дошта шудаанд. Кӯли Сарез, қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, пиряхи бузурги Федченко дар ВМКБ, мавзеъи Ширкент ва маҷмааи Қалъа дар Ҳисор, Искандаркӯл ва Ҳафткӯл дар водии Зарафшон, дар ҷануби Тоҷикистон мамнунгоҳҳои Хуталон ва Бешаи палангон, Кӯҳи Хоҷамӯъмин, Қалъаи Ҳулбук, мақбараҳои бузургону орифон ва даҳҳои дигар мавзеъҳое мебошанд, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ муштоқи дидори онҳоянд.
Тоҷикон бо мардуми дӯсту бародари ӯзбек таъриху фарҳанги муштарак дошта, тӯли таърих дар як давлат умр ба сар бурдаанд. Аз ин лиҳоз, бисёре аз шаҳру навоҳӣ ва марқаду маҷмааҳо ба ҳарду халқ тааллуқ дошта, аксари анъанаву ҳунарҳо барои ин ду миллат хислати умумӣ доранд.
Ҳар як тоҷикистонӣ барои худ фарз мешуморад, ки боре аз шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро дидан намояд ва мақбараи абармарди тоҷик Шоҳ Исмоили Сомониро зиёрат кунад. Тоҷикони Ӯзбекистон ба Рӯдакии оламшумул арҷ мегузоранду бо Садриддин Айнӣ мефахранд. Ба ин хотир дӯстдорони таъриху ниёгон ва савту калом метавонанд бемамониат ба зиёрати ин абармардон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ташриф баранд.
Барои рушду равнақи соҳа ба ширкатҳои сайёҳии ду кишвар чунин пешниҳодҳоро бамаврид мешуморем:
- Бо ҷалби сармоя бунёд ва фаъол кардани минтақаҳои сайёҳию солимгардонӣ, истироҳати лабибаҳрӣ, туризми сайругаштӣ ва амсоли инҳо. Чунки барои анҷоми ин корҳо табиату ҳавои Тоҷикистону Ӯзбекистон пурра мусоид буда, аз лиҳози нарху дастрасӣ ва амният дар қиёс бо Туркия, Кипр, Миср, Тунис, Чин, Арманистон, Қрим ва ҷануби Россия рақобатпазир мебошанд;
- Хатсайрҳои туристии муштарак тартиб дода, сайёҳони хориҷиро барои тамошои шаҳрҳои таърихии дар Роҳи бузурги абрешим қарор дошта, мисли Бухоро, Самарқанд, Панҷакент, Истаравшан ва Хуҷанд ҷалб созанд;
- Барои шаҳрвандони якдигар хатсайр ва хизматрасониҳои арзону дастрас бо мазмуну мундариҷаи сайёҳӣ пешниҳод намоянд;
- Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар сатҳи ҷаҳонӣ ё минтақавӣ намоишгоҳу фестивалҳои ҳунармандию фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ҷаҳонгардӣ ва амсоли инҳо ташкил намоянд;
- Низоми мукаммал ва ягонаи истифода аз хизматрасонии роҳбаладони донандагони забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ва урфу одатҳои хоссаро роҳандозӣ намоянд.
Боварии комил аст, ки ба тадриҷ ҳама робитаю муносибатҳо хеле устувор гардида, рафтуомади шаҳрвандон, гардиши молу коло, ҳамкории фарҳангию илмӣ, алалхусус сафарҳои сайёҳӣ ба ин ду мамлакат ба авҷи дилхоҳи худ мерасанд.
Фаридун БОБОЗОДА,
декани факултети муносибатҳои байналмилалии
Донишкадаи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
[1] В2В (англ. «Business to business» — «бизнес барои бизнес», кӯтоҳ — «би ту би») – хизматрасониҳои як ширкат барои ширкати дигар.