Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп
ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Фоҷеаи ба ҳалокат расидани ду шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Америка бар асари аз ҷониби ронандаи автомобил пахш кардани гурӯҳи саёҳони велосипедрон дар яке аз шоҳроҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси андӯҳ ва таассуфи бепоёни мо гардид.
Ҷиҳати муайян кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони ин амали золимона хадамоти дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.
Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардиву тасаллияти амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон






