Дар Бонки миллии Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷониба бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ» дирӯз зимни мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии менеҷер оид ба лоиҳаҳои бахши хусусии Бонки ҷаҳонӣ Мариализа Мота, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бахши молиявиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳамкории мутақобилан судманд бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ» (марҳилаи 4) ба намояндаи Бонки мазкур Мариализа Мота изҳори сипос карда, саҳми Бонки ҷаҳониро дар ин бахш баланд арзёбӣ кард.
Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур муовини раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода оид ба корҳои анҷомдода дар татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ» ва «Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ», аз ҷумла, раванди насби барнома, дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ ва ғайра маълумот дод.
Зикр гардид, ки барои беҳтар кардани инфрасохтори иттилоотӣ инчунин таҷдиди низоми иттилоотии коммуникатсионӣ зарурат дорад ва дар доираи лоиҳаи мазкур мусоидати Бонки ҷаҳонӣ аз манфиат холӣ нест.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






