Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TAJIKISTAN-2018» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 4.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Моҳи август дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» баргузор мегардад.
Созмондиҳандаи намоишгоҳи мазкур Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2018» ширкатҳои тавлидкунандаи ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, таҷҳизот барои соҳаи кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, металлургӣ, саноати кимиёӣ, сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, фармасевтика, саноати сабук, сайёҳӣ, таҷҳизот ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ, соҳаи бонкӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ ба намоиш гузошта, муаррифӣ намоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2018» дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ ташкил карда шуда, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти ширкату корхонаҳои тавлидотии мамлакат арзёбӣ мегардад.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






