Дар шаҳри Ҳисор конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Ҳисор конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронси мазкур роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати фарҳанги мамлакат ва намояндагони Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар кори конфронс олимону муҳаққиқон ва кормандони ҷавони вазорату идораҳо иштирок ва маърӯза намуданд.
Дар конфронси ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо» зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки бояд мо барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талош намоем. Аз ин рӯ моро лозим меояд, ки ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳунармандонро дастгирӣ намоем.
Мусаллам аст, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз воситаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб мешавад. Ҳамчунин сарзамини Тоҷикистон бо табиати дилошӯбу фарҳанги нотакророраш ҳазорон сайёҳону дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар доираи кори конфронс иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Ҳисор ва ҳунари дасти ҳунармандон дидан намуданд.










РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид






