«Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»: муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Июль 3, 2018 16:51

ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 зимни пешниҳоди Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда, сайёҳиро яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодии мамлакат ва муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.

Барои сазовор таҷлил намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат 30 июни соли равон дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

Макони баргузории Форуми байналмилалӣ интихоб шудани Исфара бесабаб набуд. Зеро Исфара яке аз шаҳрҳои қадимии тоҷикон буда, имрӯз беш аз 110 мавзеи сайёҳии он ба макони сайри сайёҳони хориҷӣ табдил ёфтааст. Ҳамчунин ин шаҳр бо зардолупарварӣ ва шолипарварӣ машҳур аст. Тавре аз суҳбат бо мардуми одии ин шаҳр маълум гардид, зардолу ва шолии Исфара на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам машҳур буда, дар ин шаҳр беш аз 15 намуди зардолу парвариш мешавад. Қисми зиёди зардолуи ин шаҳр хушконида шуда, ба кишварҳои дигар содирот мегардад.

Ин нуктаро раиси шаҳри Исфара Сиҷовуддин Саломзода дар маросими ифтитоҳи кори Форум тасдиқ карда, иброз намуд, ки дар ин шаҳр дарахти зардолуи 200-сола ҳаст, ки то ҳол мева медиҳад. Дар хусуси шолии девзираи Исфара сокини ин шаҳр Хуршед Обидов шӯхиомез гуфт, ки он ба сокинони шаҳр намерасад, чун хеле лазиз аст. Ғайр аз ин, Исфара бо ҳунармандони моҳири худ машҳур буда, дар сохтмони машҳуртарин чойхонаи ҷумҳурӣ- «Кохи Наврӯз» дар шаҳри Душанбе ва «Хуррамшаҳр» дар шаҳри Данғара саҳми устоҳои исфарагӣ хеле назаррас аст. Чойхонаи «Ориёно», ки ҷаласаҳо дар онҷо баргузор гардиданд, бо тарҳу намуди бисёр зебо ва анъанавии тоҷикон бунёд ёфта, намунаи беҳтарини кори устоҳои дуредгари Исфара арзёбӣ шуд. Маҳз дар чунин шаҳри қадимиву сайёҳӣ Форуми байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.

Дар Форум зиёда аз 150 нафар роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии давлатҳои Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи  Араб, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Тоҷикистон ширкат намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар пешниҳодгардида маълумот дода, гуфт, ки имрӯз Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгирию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва кашфи бозорҳои нави байналмилалӣ корҳои зиёде амалӣ намуда, ҳамоиши имрӯза низ дар ҳошияи ҳамин тадбирҳо роҳандозӣ гардид.

«Ҳадафи Форуми мазкур муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, мубодилаи афкор ва густариши ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои «Шоҳроҳи абрешим», омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва тақвияти ҳамгироии минбаъдаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб меёбад»,-иброз намуд Нуъмон Абдуғаффорзода.

Раиси Кумитаи илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова иброз намуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуда, аз 1 январи соли 2018 истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд.

Нимаи дуюми рӯз Форум кори худро дар се панели алоҳида дар мавзӯъҳои «Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ: дастовард ва мушкилот», «Рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ- муаррифи симои сайёҳии кишвар» ва «Имкониятҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Тоҷикистон» идома дод. Иштирокдорони Форум дар мавзӯъҳои матраҳшуда андешаву мулоҳизаҳои худро баён карда, роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ, пазироии сайёҳон ва боз кардани хатсайрҳои нави сайёҳиро муҳокима намуданд.

Зикр шуд, ки яке аз иқдомҳои муҳим дар ин самт- ҷорӣ кардани низоми содакардашудаи раводид аст. Имрӯз дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст. Ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Инчунин Тоҷикистон ба рӯйхати 10 кишвари ҷолибтарин ва амнтарин барои сайёҳон ворид гардидааст.

Ташкили Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорон» яке аз иқдомҳои самараноки Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки таъсиси ин Фонд барои дастгирии лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар самти рушди сайёҳӣ муҳим аст.

Меҳмонон ва иштирокчиёни Форум сатҳи баланди баргузории ҳамоиш, меҳмоннавозии тоҷикона ва табиати нотакрори Тоҷикистонро махсус зикр карданд.

Намояндаи ширкати сайёҳии Қазоқистон «КИТО» Бабур Ризаев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бори аввал ба Тоҷикистон меояд, аммо аллакай ошиқи он шудааст. Ӯ бо қаноатмандӣ аз кори Форум баргузории онро хеле муҳим ҳисобид.

«Ташкил ва баргузории Форуми мазкур барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, таҳким ёфтани муносибат байни ширкатҳои давлатҳои минтақа, ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва кашфи самтҳои нави сайёҳӣ нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд ва фикр мекунам, ки пас аз чанд сол ин кишвари зебоманзар ба макони сайёҳони хориҷӣ табдил меёбад. Тавре мушоҳида кардам, дар Тоҷикистон аз ҷиҳати қонунгузорӣ шароит хеле мусоид буда, имкониятҳо низ фаровонанд. Таваҷҷуҳи роҳбарияти давлати тоҷикон ба соҳаи сайёҳӣ бештар аз ҳар кишвари минтақа аст»,- зикр намуд Бабур Ризаев.

Намояндаи маркази тиббии «Akfa»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шаҳноза Ҳамроқулова аз муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ситоиш намуда, иброз дошт, ки боз шудани сарҳад ва беҳ шудани шароити рафтуомад имкон медиҳад, ки сокинони ҳар ду мамлакат бе мушкилӣ ба давлатҳои ҳамдигар рафтуомад кунанд ва аз имкониятҳову шароити фароҳамоварда истифода баранд.

«Имрӯз дар маркази тиббии «Akfa» шаҳрвандони Тоҷикистон бе ягон мушкилӣ табобат мегиранд. Баргузории чунин Форум имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон, аз ҷумла, ба осоишгоҳи «Зумрад» омада, истироҳат намоянд ва табобат гиранд»,- иброз намуд Шаҳноза Ҳамроқулова.

Дар охир аз кори Форум натиҷагирӣ карда шуда, Изҳорот қабул гардид. Баъдан, дар натиҷаи гуфтушунидҳо ва мулоқоту суҳбатҳо 21 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, бо шумули «Ҷавоҳир тур»,  «Куҳандиз», «Панҷакент интур», «Бозори Вору», «Нодир тур», «Ориён эдвентур», «Скай тур», «Ассотсиатсияи ёрирасони рушди сайёҳӣ» ва «Сайри мунк» бо ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб «Эйшн голф трейвл», «Бин Муса трейвл» ва «Омер тревл эҷенсӣ», ширкатҳои сайёҳии Қазоқистон  «Скай вей» ва «КИТО», «Атлас авиатур»  аз Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

Шоми ҳамон рӯз дар саҳни осоишгоҳи «Зумрад» намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуда, иштирокчиёни Форум аз он дидан намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур маҳсули ҳунари ҳунармандони моҳири шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба тамошо гузошта шуда буд, ки иштирокчиёни Форум ба истеъдоди онҳо аҳсан хонданд.

 Устоди Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Истаравшан Нуриддин Тӯйчиев, ки дар намоишгоҳ иштирок дошт, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва баргузор кардани намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумиро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карда, иброз намуд, ки ин барои рушди ҳунари аҷдодӣ айни муддаост.

«Имсол шумораи сайёҳон хеле зиёд аст. Аз ҳар гӯшаву канори олам меоянд ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Назди хунармандони моҳир рафта, ҷараёни кори онҳоро тамошо мекунанд ва баъдан маҳсули офаридаро мехаранд. Ин ҳама натиҷаи ғамхории Пешвои миллат аст, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд»,-мегӯяд Нуриддин Тӯйчиев.

Пас аз тамошои намоишгоҳ аз ҷониби ҳунармандони шаҳри Исфара барои иштирокчиёни «Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барномаи ҳунарии рангину хотирмон баргузор карда шуд.

Ҳамин тавр, «Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни он бо таассуроти рангину хотироти ширин ба кишварҳои худ баргаштанд.

Ҷасур АБДУЛЛО,

Душанбе-Исфара-Душанбе

Июль 3, 2018 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид