«ХАЙРАМАҚДАМ БА ВОДИИ РАШТ!». Таҳти ин унвон фестивали минтақавии сайёҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 30 июли соли 2018 дар ноҳияҳои водии Рашт Фестивали минтақавии сайёҳӣ таҳти унвони «Хайрамақдам ба водии Рашт!» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Субҳи имрӯз иштирокдорони фестивали мазкур аз шаҳри Душанбе озими водии Рашт гардиданд. Дар маркази ноҳияи Нуробод иштирокдорони фестивалро дар фазои мутантан бо нону намак истиқбол гирифтанд.
«Дар Фестивали минтақавии сайёҳӣ намояндагон аз ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд. Тибқи нақшаи фестивал, иштирокдорон давоми 5 рӯз аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои сайёҳии водии Рашт дидан намуда, дар барномаи фарҳангию ҳунарӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, Конфронси сайёҳӣ таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ» дар ноҳияи Рашт ширкат меварзанд», — хабар доданд аз Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат.
Гуфта мешавад, ки қабл аз сафар дар назди бинои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи мазкур Нуъмон Абдуғаффорзода бо иштирокдорони фестивали сайёҳӣ мулоқот анҷом додааст.
Мавриди зикр аст, ки фестивали мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон чунин фестивалҳоро дар вилояти Хатлон бо номи «Марҳамат ба Хатлон!» ва дар вилояти Суғд таҳти унвони «Марҳабо ба Суғд!» низ баргузор намуда буд. Ҳамчунин моҳи августи соли 2018 баргузории Фестивали минтақавии сайёҳии «Салом аз Боми Ҷаҳон!» дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар назар аст.













РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






