Хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадӣ барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон сина сипар мекунанд
ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маросими супурдани дипломҳо ба зиёда аз 120 нафар хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттлоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими супоридани дипломҳо роҳбарияти КДАМ ҶТ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони гурӯҳи ҳамкории сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, раиси Шӯрои собиқадорони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, устодону омӯзгорони Донишкадаи олии сарҳадӣ ва падару модарони афсарони ҷавон иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад ба 120 нафар хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадӣ дар баробари диплом аввалин рутбаи ҳарбии афсарӣ – лейтенант дода шуд. Пас аз ин хатмкунандагони Донишкада баҳри дифои сарҳади давлатӣ ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон фиристода мешаванд.
«Курсантони Донишкадаи олии сарҳадӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд баҳри ҳифз ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон сина сипар намуда, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатии кишвари хешро пос доранд»,-зикр намуд М. Улуғхоҷаев.











Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






