Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2018 19:00

ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садамаи нақлиётии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ шуд, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқаи хомӯшӣ эълон карданд.

Сипас, оид ба рафти тафтишоти ҳодиса гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо дастури Пешвои миллат аз ҳисоби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амният ва мақомоти прокуратура гурӯҳи махсуси фаврӣ — ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд. Барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, дар кутоҳтарин муҳлат чанд тан аз аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир гардиданд.

Дастур дода шуд, ки дар саросари кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзур карда шаванд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи кадрҳо низ баррасӣ карда шуд.

Дар кори маҷлис масъала «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018-ро таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки захираву имкониятҳои кишвар барои ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар то ҳанӯз самаранок истифода нашудаанд.

Дар баробари таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ сифатнокии қисми даромади ҷории он аз ҳисоби 3 намуди андоз ва дигар пардохтҳо ба маблағи 275 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар 13 шаҳру ноҳияи кишвар таъмин нашудааст.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2018 тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ба қисми даромади буҷет ва зиёдшавии қарзи онҳо Вазорати молия вазифадор гардид, ки дар самти татбиқи босамари Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020 чораҷӯӣ карда, инчунин барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 натиҷаҳои Стратегияи анҷомёфтаистодаи идоракунии молияи давлатиро барои солҳои 2009-2018 арзёбӣ намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва тақвияти назорати бонкӣ Бонки миллиро вазифадор карданд, ки татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетро таъмин намоянд.

Зимни таҳлил Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо дарназардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ҷалби сармояи хориҷӣ суръати рушди соҳаи саноат дар сатҳи 16,9 фоиз таъмин гардидааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз кам аст. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ истеҳсоли 22 намуд маҳсулоти саноатии коркард коҳиш ёфта, фаъолияти 107 корхонаи соҳа қатъ гардидааст.

Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ чораҳои амалӣ андешида, роҳҳои барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро ҷустуҷӯ намояд.

Дар кори маҷлис Президенти мамлакат Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати «Барқи тоҷик»-ро вазифадор намуданд, ки таваҷҷуҳи асосиро ба самти ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи энергетика — ба ҷамъоварии маблағи фурӯши неруи барқ, пешгирии талафоти техникии неруи барқ, васли ҳисобкунакҳои муосири барқӣ, таъмиру навсозии хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин, ба роҳ мондани фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ, равона созанд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд, ки ҳарчанд дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои муқоисавӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст, вале дар соҳа як қатор масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҷой доранд. Яке аз онҳо иҷро нагардидани нақшаи кишти такрорӣ ва масъалаи дигар дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доштани 37 ҳазор гектар заминҳо мебошад.

Вазорати кишоварзӣ вазифадор гардид, ки дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ доир ба зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва боғу токзор, инчунин, захира ва коркард намудани маҳсулоти соҳа чораҳои саривақтӣ андешад.

Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин татбиқи чораҳои мушаххасро бобати истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо, амалигардонии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва аз худ кардани маблағҳои татбиқи лоиҳаҳо, зарур шумурданд.

Барои фароҳам овардани замина ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро муҳим арзёбӣ карданд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» ва «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди муҳокима Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва ду хулосаи Ҳукумати кишвар Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Аъзои Ҳукумати кишвар инчунин лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта барои рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2022, Доир ба тадбирҳои беҳтар кардани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 ва Дар бораи дастгирии давлатии молиявии баъзе корхонаҳои энергетикии ҷумҳуриро баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, то иҷрои нақшаҳои бунёдкориву ободониро дар муҳлатҳои муқарраршуда ва босифат таъмин намоянд.

Дар охир баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.07.2018

Июль 30, 2018 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд