Нархи тарбуз дар бозорҳои Душанбе баланд шудааст. Чаро?

Июль 14, 2018 08:21

ДУШАНБЕ, 14.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло ки фасли тобистон аст, ҳамаи меваю сабзавот ба пуррагӣ пухта расидаанд. Ҳамчунин дар бозорҳои ҷумҳурӣ имсол меваю сабзавот фаровон буда, бештари он нархи дастрас доранд. Вале дар баробари фаровонии меваю сабзавот имрӯз нархи тарбуз боло рафта, пасттарин нархи он 8-10 сомониро ташкил медиҳад.

Гаронии нархи тарбузро муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори деҳқон» Мастон Шарипов ба гармшавии ҳаво рабт дода, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки аз сабаби ҳарорати баланд имсол гулу буттаҳои тарбуз  зарар дида, рӯ ба хушкшавӣ ниҳоданд. Ин сабаб гардид, ки тарбуз ба бозорҳо кам ворид гардад. Аз ин рӯ ҳафтаи охир нархи он дар бозорҳо баланд шуд.

«То имрӯз ба бозорҳои пойтахт тарбузу харбуза аз навоҳии вилояти Хатлон ворид карда мешуд. Ҳоло ин навъи маҳсулот дар минтақаи мазкур хеле кам аст, ки ин низ яке аз сабабҳои болоравии нархи тарбуз маҳсуб мешавад»,- мегӯяд Мастон Шарипов.

Ба гуфтаи муовини директори «Бозори деҳқон», айни замон тарбузҳои ноҳияи Фархор пухта, барои фурӯш ба шаҳри Душанбе ворид карда шудаанд.

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд низ тарбузҳоро чида, омода кардаанд, ки рӯзҳои наздик барои фурӯш ба шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд. Ин метавонад ба танзими нархи тарбуз мусоидат намояд ва нархи он дар бозорҳо паст шавад.

Фурӯшандаи бозори Саховат Ҷамшед Сафаров мегӯяд, ки имсол содироти тарбуз ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Ӯзбекистон афзуда, сабаби асосии болоравии ин навъи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло нархи тарбуз дар бозорҳои пойтахт аз 10 то 20 сомониро ташкил медиҳад.

Июль 14, 2018 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид