ПЕШГИРИИ СӮХТОР АЗ ХОМӮШ КАРДАНИ ОН ОСОНТАР АСТ! Сабабҳои сӯхторҳои чанд рӯзи охир муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи санҷишу баррасӣ сабабу омилҳои асосии сар задани ҳодисаҳои сӯхтори чанд рӯзи охир, аз ҷумла, сӯхтор дар бозори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Султони Кабир», қаҳвахонаи «Роҳат», Маркази хизматрасонии «Сино», манзилҳои истқоматӣ дар кӯчаҳои Ҳосилот ва Канории ноҳияи Фирдавсӣ, инчунин тарабхонаи «Шукрона»-ро муайян намуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои сӯхтор зиёдтар ба амал омада, миёни сокинони пойтахт нофаҳмиҳоеро ба бор оварданд. Ин сару садоҳо то ба шабакаҳои иҷтимоӣ рафта, баҳсҳои зиёде оид ба ин мавзӯъ ба амал омаданд. Шумораи зиёде аз корбарон бар он назар буданд, ки гӯё ин оташсӯзиҳо кори бадқасдонаи иддае аз манфиатхоҳон бошад ва қисме дигар ин ҳодисаро нишонае аз рақобати носолим миёни худи соҳибкорон унвон карданд. Барои ба ин масъала равшанӣ андохтан хабарнигори АМИТ «Ховар» бо масъулини ин соҳа ҳамсуҳбат шуда, сабабҳои сар задани сӯхторҳоро таҳлил намуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар миқёси ҷумҳурӣ то 27 июни соли равон 582 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудаанд. Маблағи зарари онҳо 3 миллиону 865 ҳазору 676 сомониро дар бар гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳодисаи сӯхтор дар ҷумҳурӣ камтар ба қайд гирифта шудааст.
Соли сипаригардида дар ҷамъбасти давраи ҳисоботӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ 1508 ҳодисаи сӯхтор рух дода, дар натиҷа 28 нафар одамон фавтиданд, ки 11 нафарашон ноболиғон мебошанд. Маблағи зарар зиёда аз 10 миллион сомониро ташкил дода, беш аз 300 миллион сомонӣ молу мулки шаҳрвандон аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд.
Сардори шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ Фаррух Ҳалимзода сабабҳои асосии сар задани сӯхторро бештар аз нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти барқӣ, натиҷаи зиёд будани сарбории истифодаи неруи барқ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ва корношоямии таҷҳизоти техникӣ медонад.
Ба иттилои ӯ, то 27 июни соли равон аз шумораи умумии сӯхторҳо 326 ҳодисаи сӯхтор танҳо аз таҷҳизоти барқию расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ, 24 ҳодисаи сӯхтор аз нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти газӣ ва аз қасдан оташ задан 24 ҳодиса ба вуқӯъ пайвастаанд, ки маблағи зарар 146 ҳазору 149 сомониро ташкил медиҳад. Аксар ҳодисаҳои сӯхтор дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд, ки он 76 фисади шумораи умумии сӯхторҳоро дар бар мегирад»,-мегӯяд ӯ.
Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе сабаби асосии сӯхторе, ки 3 июни соли равон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Султони Кабир» рух дода, масоҳати 1230 метрро фаро гирифт, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ (сарборӣ) ба шумор меравад. Маълум гардид, ки шахсони гунаҳгор 3 нафар барқчиёни бозор будаанд.
Сабаби сар задани сӯхтори рӯзи 24 июн дар боми қаҳвахонаи «Роҳат» ба амал омада, ки дар масоҳати 300 м паҳн гардид, нодуруст истифода бурдани тафдон (андулин)-и сихкабобтайёркунӣ аз тарафи шаҳрванд Ҷ.Ш Раҷабов мебошад. Сӯхтор аз дудбарои тафдони сихкабобтайёркунӣ ба қабати шифти ошёнаи 2-юм гузашта, дар натиҷа алангаи оташ шифт ва болопӯши қаҳвахонаро пурра фаро гирифтааст. Хангоми сӯхтор ашёҳои дохили қаҳвахона, амволи шаҳрвандон ва тарабхонаҳои атрофи макони сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд.
Сӯхторе, ки 28 июни соли равон, соати 08:16 дар боми бинои тарабхонаи «Шукрона», мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Топаз», воқеъ дар кӯчаи А.Дониш 59-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба амал омад, дар натиҷаи амалиёти саривақтии ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва кормандони милитсия дар масоҳати аввалааш пурра хомӯш карда шуд.
Сабабгорони асосии сӯхтор нафароне ҳисобида шуданд, ки дар боми бинои тарабхона ба заргарӣ машғул будаанд, зеро дар натиҷаи аз ҷониби онҳо нодуруст истифода бурдани корҳои кафшеркунӣ сӯхтор ба амал омадааст.
Инчунин 11 июни соли равон ҳангоми ба ҷои сӯхтори манзилҳои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаҳои Канорӣ ва Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ ҳозир шудани кормандони Хадамот маълум гардид, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқии симчӯб ҳангоми вазиши сахти шамол мебошад. Аз сӯхтори ба амаломада хонаҳои истиқоматӣ ва молу амволи шаҳрвандон ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ эмин нигоҳ дошта шуд.
Нозири калони гурӯҳи ташвиқотиву тарғиботии Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе Шуҳратҷон Ғафуров чунин мешуморад, ки аксаран ҳодисаҳои сӯхтор дар ҳудуди пойтахт аз беаҳамиятии шаҳрвандон ва нодуруст истифода бурдани ҳар гуна таҷҳизоти барқӣ сар мезананд. Аз меъёр зиёд гармшавии ҳаво ва истифодаи барзиёди қувваи барқ тариқи таҷҳизоти сардкунанда дар хонаҳои истиқоматӣ ба сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор оварда мерасонад. Ҳамчунин ба гуфтаи Шуҳратҷон Ғафуров, сол то сол ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мушкилтар мегардад, торафт бештар шудани шумораи мошинҳо дар пойтахт, ки ба танбашавӣ дар роҳҳо оварда мерасонад, кори сўхторхомӯшкунонро мушкил кардааст.
Ба гуфтаи Ш.Ғафуров, яке аз сабабҳои бештар паҳн шудани алангаи оташ дар макони сӯхтор- ин дар бисёр ҳолатҳо дер ба Хадамоти оташнишонӣ занг задани худи шаҳрвандон мебошад. «Баъзан шаҳрвандон ва соҳибкороне ёфт мешаванд, ки ҳангоми сар задани сӯхтор ба мо муроҷиат накарда, аввал кӯшиш мекунанд худашон алангаи оташро хомӯш кунанд ё амволи дар дохил бударо ба берун оранд. Аммо вақте мебинанд қувваташон ба он намерасад, пас аз он ба мо муроҷиат мекунанд, ки аллакай дер шудаву ин ҳолат кори моро мушкилтар мегардонад. Зеро масоҳати паҳншавии оташ калонтар мегардад ва хисорот низ бештар мешавад»,-мегӯяд ӯ.
Тибқи иттилои расмӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ 47 ҳазору 263 иншооти хоҷаги халқ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Хадамоти оташнишонӣ 19 ҳазору 470 иншоот мавриди санҷиш қарор дода шуданд.
Ба гуфтаи Фаррух Ҳалимзода, давоми пешбурди корҳои пешгирии оташнишонӣ бо беш аз 270 ҳазор нафар кормандон, масъулини соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. «Ҷиҳати қатъиян риоя намудани талаботи қоидаи назорати бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба он нафароне, ки бо вуҷуди пешниҳод намудани амрномаҳои назорати бехатарӣ аз сӯхтор ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дидаву дониста риоя намекунанд, тадбирҳои маъмурӣ андешида шуда, нисбат ба 16 ҳазору 354 нафар шаҳрвандон, масъулини ташкилоту муассисаҳо ва роҳбарони онҳо санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 млн 629 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуд»,-мегӯяд ӯ.
Ҳ. Фаррух чунин мешуморад, ки ҳар як фасл ба худ хусусият ва як навъ хатарнокии худро дорад. «Хушбахтона, дар давоми солҳои 2017-2018, ки таъмини сокинони пойтахт бо шабакаҳои гармдиҳӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуд, истифодаи таҷҳизоти барқӣ камтар ба чашм расид ва як дараҷа хатарнокӣ дар шаҳр кам гардид. Ҳодисаҳои сӯхтор низ тӯли ин муддат кам ба қайд гирифта шуданд. Лекин дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бинобар сабаби сармо истифода аз таҷҳизоти барқӣ ва ноқилҳои барқӣ ба чашм мерасад, ки дар натиҷаи сарборӣ расиши кӯтоҳ ба амал омада, сӯхтор сар мезанад. Дар фасли тобистон дар кишвар гармӣ беш аз 40 дараҷаро ташкил медиҳад, ки талабот ба таҷҳизоти сардкунандаро бештар мегардонад ва ин ба сарбории истифодаи қувваи барқ оварда мерасонад. Инчунин хушкшавии табиат боиси зиёдшавии сӯхторҳо низ шуда метавонад»,-зикр намуд ӯ.
Ба андешаи Фаррух Ҳалимзода, аҳолӣ нисбат ба солҳои қаблӣ дар масъалаи пешгирӣ ва ҳифзи молу амволи шахсии худ хеле фаъол гардидааст.
«Хусусан ширкатҳои хусусӣ, ки қаблан ба чораҳои зиддисӯхторӣ эътибор намедоданд ва санҷишҳои моро норозиёна қабул мекарданд. Ҳастанд соҳибкороне, ки бо мақсади пешгирӣ ва бартараф кардани камбудиҳо муроҷиат мекунанд ва мо ба онҳо дастур медиҳем. Хуб мешуд шумораи онҳо зиёд шавад, зеро пешгирии сӯхтор ба фоидаи ҳам соҳибкорон ва ҳам аҳли ҷомеа мебошад. Ба қавле пешгирӣ кардан аз хомӯш кардани оташ осонтар аст. Вақте сӯхтор шуд, аллакай хисорот мешавад ва хуб аст, ки танҳо зарар бошад. Зеро дар сурати сар задани сӯхтор эҳтимоли талафоти на танҳо моддӣ, балки гоҳо ҷонӣ низ дар пай аст, ки ин хеле ҳодисаи ногувор аст»,-зикр намуд Ф.Ҳалимзода.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «ХОВАР»