РӮЗИ ЧАКАН ДАР ДУШАНБЕ. Ҳадаф-баровардани ин намуди маҳсулот ба бозори ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон
ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 7 июли соли 2018 аз соати 10:00 то 18:00 дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» маҳфили Рӯзи чакан баргузор мекунад.
Маҳфили мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад.
Ҳадафи маҳфил муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти армуғони арзанда барои меҳмонону сайёҳон, ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, баровардани маҳсулоти чакан ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии ҳунармандон мебошад.
7 июл, аз соати 10:00 то 18:00 дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» шаҳрвандон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти чакандӯзони кишварро доранд.
Ёдовар мешавем, ки 2 июл дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид ва он дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии “Душанбе мол” ва толори Истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон то 2 августи соли равон идома меёбад. Дар он ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ маҳсули меҳнати хешро ба намоиш ва фурӯш гузоштаанд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






