СУҒД-ВОДИИ ИМКОНИЯТҲО: дар Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2018» оғоз гардид

Июль 7, 2018 09:16

ХУҶАНД, 07.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз,  6 июл, дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи V байналмилалии савдои «Суғд-2018» ба кор оғоз кард.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, дар ярмаркаи мазкур, ки соли панҷум инҷониб бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратии хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии рушди савдои байналмилалӣ баргузор карда мешавад, ин навбат беш аз 320 нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони қариб 200 ширкати дохилию хориҷӣ, чун Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ, инчунин соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ иштирок намуданд, ки ин  бевосита аз баланд гардидани нуфузи ин намоишгоҳ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки беш аз 60 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ҷараёни баргузории ярмаркаи байналмилалиро инъикос менамоянд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи ярмарка меҳмонон-намояндагони давлатҳои иштирокчӣ, корпусҳои дипломатию тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки сол аз сол доираи Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд» васеъ гардида, давоми солҳои баргузорӣ он ҳамчун як  майдони босамари намоишӣ ва баҳамойӣ муаррифӣ мешавад. Он на танҳо истеҳсолкунандагонро аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон, балки аз мамолики хориҷи дуру наздик ба ҳам овард.

Ҳоло вилояти Суғд бо 18 кишвари хориҷи дур ва наздик меморандуми ҳамкории иқтисодӣ дорад. Дар ин замина, имконоти содиротии  вилоят низ афзун гардида, дар қаламрави вилоят баҳри ба минтақаи аграрию саноатӣ табдил додан корҳо  идома доранд.

Бояд гуфт, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2018»  имрӯз, 7 июл низ идома карда, дар доираи он ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона V», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо ва ҳамзамон қабули расмии иштирокдорони ярмарка аз ҷониби раиси вилояти Суғд, ташкили барномаи фарҳангӣ ва шиносоӣ бо ҷойҳои таърихиву сайёҳии вилоят дар назар аст.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чанд нафар иштирокчиёни намоишгоҳ андешаҳои худро доир ба баргузории он баён намуданд.

Раиси Шӯрои ҳамкории тиҷоратии Палатаи савдо ва саноати ФР бо ҶТ Сергей Ключерев иброз дошт, ки  «маҳз сиёсати дурбинона ва дарҳои кушоди Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва Россия дар минтиқаи Осиёи Миёна яке аз шарикони боътимод ба ҳисоб мераванд. Ҳамасола бо баргузории ҳамоишу намоишгоҳҳои гуногуни дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Тоҷикистон мақбули ҷалб ва ташрифи даҳҳо ширкатҳои хориҷӣ мегардад. Баргузории Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2018» худ шаҳодати бевоситаи гуфтаҳои боло ба ҳисоб меравад».

Сергей Ключерев ҳамчунин аз меҳмоннавозии халқи тоҷик, сабзавоту меваҳои биҳиштосои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки пас аз анҷоми ярмарка аз ҷониби соҳибкорони Россия ва намояндагони ширкатҳои кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон, хосатан яке аз ширкатҳои бонуфузи Россия «Тролза», ки ба истеҳсоли нақлиёти мусофиркашон – троллейбусҳо машғул аст, ҳамкории зич ба роҳ монда мешавад.

Дилшод Менглиев, ҷонишини директории Палатаи савдо ва саноати вилояти Тошканд:

—  Бояд гуфт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аст, ки мардуми ин ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамфарҳанг имрӯз бе ягон мамониат ба дидорбинии якдигар рафта, ҳамзамон дар чорабиниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии якдигар иштирок доранд.  Имрӯз мо дар меҳмонии Суғди бостонием. Аз меҳмондӯстиву манзараҳои зебои кишвари биҳиштосои Тоҷикистон, аз ҷумла, вилояти Суғд хеле хурсанд гаштем.  Дар чорабинии имрӯза беш аз 40 ширкати Ӯзбекистон иштирок доранд. Ба андешаи ман, ҳар як иштирокчии ярмарка, аз ҷумла, соҳибкорону тоҷирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қабл аз ҳама, ният доранд дар доираи ярмарка роҳҳои самарабахши ҳамкории тарафайнро бо соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили коргоҳҳои муштарак дарёфт намуда, доираи ин ҳамкориро дар оянда васеъ намоянд.

Сон Ён Чо, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ: — Ярмаркаи имрӯза дар сатҳи баланд ташкил шуда, ба ман хеле писанд омад. Ҳеҷ гумон надоштам, ки мардуми Тоҷикистон ин қадар меҳнаткашу  заминаш ҳосилхез аст. Шахсан таваҷҷуҳи маро меваҳои шаҳдбори ин диёр ва маҳсули дастии ҳунарҳои миллӣ ва кордҳои ороишӣ ҷалб намуд. Умед дорем, ки соҳибкорони кореягӣ бо соҳибкорону ширкатҳои бонуфузи тоҷик ҳамкории судманд ба роҳ мемонанд. Зеро, агар соҳибкорони моро маҳсулоти хушмаззаи кишоварзони тоҷик ба худ моил кунад, тоҷирони тоҷик метавонанд бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи технологияҳои муосири кишвари мо ҳамкорӣ намоянд. Ҳамчунин аз дидани манзараҳои зебо ва боғҳои меваҷоти Тоҷикистон хеле мафтун шудем.

 

Муҳаммадҷон Ёқубӣ, сарвари Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ»:

— Имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Суғд дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар доираи эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, имрӯз дар миқёси вилоят доир ба эҳё, рушд ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила ҷалб намудани занону духтарони бекор ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо шуғли доимӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар миқёси 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят 264 марказҳои таълимиву истеҳсолӣ амал намуда, занону духтарони ин марказҳо иштирокии фаъоли ҳар як чорабиниву намоишҳои ҳунарҳои дастӣ мебошанд. Аз ҷумла, имрӯз дар ярмарка ҳунармандони чирадасти вилоят, аз ҷумла, аз ҷониби кулолгарону сангтарошон, рассомон, атласу адрасбофон, қолинбофону заргарони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Бӯстон, Гулистону Истиқлол, Бобоҷон Ғафурову Исфараву Истаравшан беш аз 80 намуд маҳсулоти ҳунарҳои дастисохт пешкаши иштирокчиён гардид. Инчунин ширкатҳои сайёҳии вилоят низ бо муаррифии ҷойҳои сайёҳиву мафтункунандаи минтақаҳои вилоят ва пешниҳоди намудҳои хизматрасонии гуногун иштироки фаъол доранд.  Аз ҷумла, диққати иштирокдорони имрӯзаро бештар маҳсулоти кулолгариву заргарӣ, қолинҳои дастибоф ва матоъҳои соф пахтагини атласу адрас бештар ҷалб менамоянд.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2018 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд