Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд

Ноябрь 7, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ вусъат меёбанд. Зеро ҳамасола бар асари боронҳои пай дар пай сатҳи об баланд шуда, ба заминҳои корами кишоварзӣ хисорот мерасонад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар Ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ, дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар бозори Хайриён дар масофаи 150 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудааст.

Сутунпояи пули болои дарёи Кофарниҳон аз тарафи бозори Хайриён, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, барқарор карда шуда, айни замон рафту омади шаҳрвандон бехатар гардидааст.

Ҳамчунин бо дастгирии аҳолӣ тоза намудани канали Роҳатии Ҷамоати деҳоти Баҳор, корҳои соҳилмустаҳкакунии соҳили дарёи Симиганҷ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Н. Розиқ ва маҳаллаи Наврӯз дар масофаи 300 метр анҷом дода шуд.

Дар деҳаҳои Симиганҷ ва Арбобии Ҷамоати деҳоти Симиганҷ ба масофаи 120 метр дар соҳили дарёи Симиганҷ барои пешгирии офатҳои табиӣ, омадани сел симтур хобонида шудааст. Ба ин васила, тибқи лоиҳа, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар соҳили дарёи Кофарниҳон, дар ҳудуди деҳаи Зафарёби Ҷамоти деҳоти Симиганҷ корҳо ба масофаи 875 метр бо хобонидани таҳкурсӣ ва деворҳои иҳотавии бетонӣ ба анҷом расонида шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд