Таҳлилгари афғон: «Эмомалӣ Раҳмон хушиву зебоӣ эҷод мекунад» – шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи «Ҷумҳурият» (3.07.2018, №130) дар бораи баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар нашр карда, матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаласаи мазкур пешниҳоди хонандагон намудааст. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Дар ҷаласа «Ҳисоботи миллӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии ҷараёни татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор» муаррифӣ карда шуд. Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа зикр карданд, ки афзалиятҳои асосии рушди кишвар дар давраи дарозмуҳлат масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, шуғл, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ, идоракунии самаранок, ҳифзи экология ва идоракунии равандҳои демографиро фаро мегиранд.
Зимни баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Меҳта, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд, роҳбари дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерз, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевич пешравиҳои назаррасро дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ ва таъмини рушд эътироф намуданд.
Хабарнигори нашрия Бахтовар Карим оид ба заминаҳои таърихии терроризм мақолаи таҳлилӣ навишта аст. «Таҳлилгарон аввалин нафари қурбоншуда дар натиҷаи амалҳои террористӣ падари Искандари Мақдуниро медонанд, ки соли 340-и пеш аз милод аз сӯи яҳудон сурат гирифта буд… Дар замони муосир бошад, ҳама гуна шакли терроризмро дучор омадан мумкин аст, вале терроризми миллӣ-нажодӣ ва динӣ-мазҳабӣ бештар фаъол аст. Барои онҳо дигар сарҳади давлативу қитъавӣ аҳамият надорад. Дурнамои фаъолияти онҳо кулли ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, пайравони терроризми динӣ-мазҳабӣ гумон доранд, ки мақсадашон барпо кардани хилофати исломист. Вале муассисон, маблағгузорон ва роҳбарони ин гуна гурӯҳҳо хуб медонанд, ки барои таъсиси чунин хилофат ягон имконият вуҷуд надорад», — навиштааст муаллифи мақолаи «Терроризм. Нигоҳе ба заминаҳои таърихии ин зуҳуроти ояндасӯз».
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (4.07.2018, №131) хабарҳо оид ба мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии менеҷери бонки мазкур Мариализа Мота, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Гулшад Маммедова, баргузор шудани ярмаркаи V байналмилалии савдо «Суғд — 2018», барҳам дода шудани ТАҚХ «Сафӣ» чоп шуда, мақолаҳои «Норасоии нурӣ. Оби дари хона лой аст?», «Об. Бузургтарин неъматро тоза нигоҳ дорем», «Коркарди меваю сабзавот. Имконият зиёд, фоида кам», «Мисгарӣ. Рушди пешаи аҷдодӣ таваҷҷуҳ мехоҳад» пешкаши хонандагон шудаанд.
Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (5.07.2018,№82) оид ба ифтитоҳи «Боғи кӯдакон» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хабари муфассал чоп кардааст. Дар Боғи кӯдакон фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона, инчунин барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст сохта шудаанд. Дар атрофи даромадгоҳи асосии боғ ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир шудаанд, ки кӯдакон аз дидани онҳо хушҳол мешаванд. Дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шудаанд, аз ҷумла, береза, кипарис, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи «Вуди», соснаи одӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел. Барои дилхушии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудаанд. Зиёда аз сад адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидаанд. Мавриди зикр аст, ки дар вақти навсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд,- омадааст дар хабари мазкур.
«Оё татбиқи стратегияи рушди саноат марҳилаи нави пешрафтро оғоз мебахшад?», — бо чунин саволгузорӣ нашрия бо узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хусрав Абдуназар мусоҳиба баргузор карда, муҳтавои онро пешкаши хонандагон кардааст.
Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдани кӯҳӣ, ангишт, саноати сабук, мошинсозӣ, коркарди металл ва химия, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯроквориро дар бар гирифтааст. Мусоҳиби нашрия дар бораи моҳият, ҳадафҳои стратегия, афзалиятҳо ва маблағгузории он, истифодаи навгониҳои илм ва технологияҳои нав маълумот додааст.
«Маърифат ва тафаккури оқилона роҳи наҷот аз ифротгароист»- бо чунин сарлавҳа нашрияи «Народная газета» мақолаи таҳлилӣ чоп кардааст. «Барои ҷомеаи муосир зуҳуроти нангини терроризму ифротгароӣ бошиддаттарин ва мураккабтарин мушкилот гардидааст. Омили асосии ин мушкилот рабт додани терроризму ифротгароӣ ба мавзӯоти динӣ-мазҳабӣ мебошад. Бинобар ҳамин яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла, созмонҳои динӣ аз он иборат аст, ки ба муқобили ғояҳои ифротгароӣ муборизаи рӯирост ва оштинопазир баранд, дар кори тарбияи насли наврас ва ҷавонон рӯҳияи ватандӯстӣ, маърифатпарастӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият бахшанд», — омадааст дар мақолаи нашрия. «Народная газета» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо сарлавҳаи «Оҳанги ҷовидонаи дутор» мақола чоп кардааст, ки дар он муаллиф дар бораи дуторзани моҳири тоҷик Рустами Абдураҳим ва оҳангҳои ӯ нақл кардааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» оид ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши муфассали матбуотӣ бо суратҳои нодир чоп кардааст. Ҳамчунин нашрия мақолаҳои «Ваҳдати миллӣ якдилии мардумист», «Таҳлилгари афғон: «Эмомалӣ Раҳмон хушиву зебоӣ эҷод мекунад», «Имлои ғалат дар ҳуҷҷатнигорӣ», «Нарх: «Мо зи болоему боло меравем!» ва «Падари миллати Ветнам»-ро пешниҳоди хонандагон кардааст.