Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориро бо мақомоти авиатсионии давлатҳои хориҷӣ тавсеа мебахшад
ДУШАНБЕ, 30.07.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти авиатсионии кишварҳои хориҷӣ дар самти васеъ намудани ҷуғрофиёи парвозҳо ҳамкории мутақобилан судмандро тақвият медиҳад.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар нишасти матбуотӣ 30 июл дар Душанбе гуфт, ки алҳол лоиҳаи созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Финляндия, Франсия, Шри Ланка, Ветнам, Малайзия, Гурҷистон, Молдова, Аморати Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Зикр шуд, ки дар ин давра ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар 33 самт ба 10 давлати хориҷӣ, назири Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон ва Олмон парвозҳоро анҷом доданд.
Директори Агентӣ ҳамчунин зикр намуд, ки «дар ин давра фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба зиёда аз 928 ҳазор нафар мусофирон хизмат расониданд».
Аз ҷумла, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 615 ҳазор, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба 262 ҳазор, Кӯлоб 50 ҳазор мусофир ва Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ба 3 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд.
Инчунин дар ин муддат аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат -«Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» беш аз 385 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки аз ин омор интиқоли 152 ҳазор мусофир ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва зиёда аз 233 ҳазор мусофир ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» рост меояд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






