Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Мақолаи беҳтарин» эълон намуд

Июль 10, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни ҷавонони боистеъдод озмуни «Мақолаи беҳтарин» эълон намуд.

Тавре аз Вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақолаҳо бояд мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ободии диёр, корҳои созандагию бунёдкорӣ, манзараҳои нотакрор, ҷойҳои таърихӣ, сайёҳӣ, табиати зебо, чашмасорон, кӯҳу дарёҳо, боғҳои навбунёд, расму анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир буда, равону ҷолиб бошанд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни озмун метавонанд мақолаҳои худро бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон мақолаҳои пешниҳодгардида дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» дарҷ карда мешаванд.

«Озмуни мазкур моҳи январи соли 2019 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои қиматбаҳо, медал, ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд»,-гуфт масъули озмун.

Барои гирифтани маълумоти бештар метавонед бо телефонҳои 227-21-24, 223-23-31, 919-99-77-22 дар тамос гашта ва ё маводи худро ба почтаи somona@vkd.tj, jomea@mail.ru ирсол намоед.

 

 

Июль 10, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад