«WELCOME TO TAJIKISTAN». Нозирони милитсияи тоҷик бо сайёҳон-шаҳрвандони хориҷӣ озод суҳбат мекунанд

Июль 11, 2018 14:46

ДУШАНБЕ, 11.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Hi. Welcome to Tajikistan! My name is Sirojiddin. Сan I help you?» («Салом. Ба Тоҷикистон хуш омадед! Номи ман Сироҷиддин аст. Метавонам ба Шумо кумак расонам?») — ин фишурдаи суҳбати нозири гурӯҳи иттилоотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Шукуров бо як тан сайёҳи австралиягӣ дар маркази пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе мебошад, ки хабарнигори АМИТ «Ховар» шоҳидаш гашт.

Сироҷиддин Шукуров зимни суҳбат бо мо аз иқдоми Вазорати корҳои дохилӣ дар мавриди ба кормандон омӯзонидани забонҳои хориҷӣ изҳори хушҳолӣ намуда, гуфт, ки «донистани забонҳои хориҷӣ набояд дар доираи нафароне, ки танҳо бо сайёҳон фаъолият мебаранд, маҳдуд гардад. Забондонӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҳамаи қишри ҷомеа бояд дарси муҳиму зарурӣ бошад. Алалхусус, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки зимни фаъолияти ҳамарӯза бо сайёҳони зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Дар сурати донистани забон онҳо бе ягон мушкилӣ метавонанд ҳам кумаки худро расонанд ва ҳам обрӯи милитсияи тоҷикро боло баранд».

Ба гуфтаи муовини сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Нусратулло Саидов, бо мақсади эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки он кормандони милитсияро, ки сатҳи забондониашон нисбат ба дигар ҳамкоронашон болотар аст, хусусан забонҳои русӣ ва англисиро дар сатҳи хуб медонанд, барои хизмат дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар минтақаҳои мамлакат сафарбар намояд. «Мақсад аз ин тасмим муомилаву муошират ва риоя кардани одоби муоширати хуби корманди милитсия бо дигар шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Масалан, барои кор дар ҳудуди пойтахт- шаҳри Душанбе нафароне, ки дорои малакаи забондонии хубанд, сафарбар карда шуданд. Кормандони милитсия дар кӯчаву хиёбонҳои мамлакат ҳангоми бо шаҳрвандони хориҷӣ, хусусан сайёҳон рӯ ба рӯ  омадан бо онҳо бо лаҳни хубу маданияти хоссаи тоҷикона суҳбат мекунанд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Нусратулло Саидов мегӯяд, кормандоне, ки донандаи хуби забонҳои хориҷиянд, баъди суҳбат ба сайёҳон корти махсусеро, ки дар он рақами «телефони боварӣ»-и  Вазири корҳои дохилӣ- 221 21 21 зикр шудааст, дастрас менамоянд.   Ба сайёҳон фаҳмонида мешавад, ки минбаъд дар ҳолати ба ягон қонуншиканӣ ё дигар омилҳо рӯ ба рӯ шудан метавонанд ба ин рақам занг зананд. «Иқдоми мазкур метавонад бевосита чеҳраи милитсияи тоҷикро ба хориҷиён муаррифӣ созад. Аз тарафи дигар, шаҳрванди хориҷӣ боварӣ ҳосил мекунанд, ки Тоҷикистон на танҳо чун кишвари сайёҳӣ, балки ҳамчун давлати амну осоиштаи минтақа барои саёҳат ва сайру гашт мувофиқ мебошад».


Бояд гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардида, тибқи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳаи сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад.

Инчунин чанде пеш Вазорати корҳои хориҷии Америка Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, онро барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия дода буд. Ин омилҳо метавонанд ба ташрифи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунанд. Ва дар ин миён забондонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва муомилаву муоширати хуби онҳо бо забонҳои хориҷӣ бо сайёҳон сабаби болоравии  рағбату эътимоди шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба кишвари мо мегардад.

Ёрдамчии сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  Муҳсинҷон Муҳаммадӣ мегӯяд, донандаи забонҳои хориҷӣ унвон кардани қисмате аз кормандон нишони он нест, ки қисмати барои қисмати дигари онҳо донистани забон шарт нест. Ҳоло ҳама забон меомӯзанд, вале   сатҳи забондонии ҳама як хел нест.

Донистани забонҳои хориҷӣ барои корманди мақомот аз як тараф бар нафъи худи ӯст, зеро дар Вазорати корҳои дохилӣ Комиссияи махсусе амал мекунад, ки дараҷаи забондонии кормандонро омӯхта, пас аз он иҷозат медиҳад ба дигар давлат ба сафари корӣ раванд. «Ҳоло Вазорати корҳои дохилӣ бо тамоми давлатҳо, шарикони стратегӣ ва кишварҳои дӯст созишномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси онҳо мо барои таҷрибаомӯзӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам ба ин давлатҳо сафар менамоем. Ва  ба чунин ҳайатҳо шахсоне ҳамроҳ карда мешаванд, ки  дараҷаи донистани забон, қабл аз ҳама, забони англисӣ ва русиашон сад фисад ба роҳ монда шуда, муоширати озод менамоянд»,-зикр намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, бо дарназардошти Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 бо супориши махсуси Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода омӯзиши забони англисӣ барои кормандони милитсия ба роҳ монда шудааст. Дар муҳлати забономӯзӣ маҳдудият ҷорӣ  нагардидааст.

«Пеш аз ҳама, баланд бардоштани дараҷаи забондонӣ дар  бахшҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ, нозирони минтақавӣ, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ки  бевосита бо худи сайёҳ ё шаҳрвандони хориҷӣ  пайваста дар робита ҳастанд, муҳим дониста мешавад. Масалан, дар як минтақаи хизматӣ нозири минтақавӣ бояд  забонҳоро хуб донад, то ҳадди ақал назди шаҳрванди хориҷӣ рафта, худро шинос кунад ва ҳуҷҷатҳои ӯро аз назар гузаронад. Баъди он ки чанд нафар сайёҳ аз муносибати нодурусти бархе кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ шикоят намуданд, ин самт асосӣ шуморида шуда, зери назорати ҷиддии Вазири корҳои дохилӣ қарор  гирифт.  Ҳар рӯзи ҷумъа омӯзиши забони англисӣ бо ҷалби устодони донишгоҳҳо дар шуъбаи БДА ва дигар шуъбаҳо ба роҳ монда шудааст»,-афзуд М. Муҳаммадӣ.

Бояд зикр намуд, ки шурӯъ аз моҳи феврали соли равон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ омӯзиши забони англисӣ миёни кормандони ин ниҳод оғоз гардид. Кормандони вазорат омӯзиши забонро аз калимаву ибораҳои одӣ оғоз намуда, то дараҷаи доир намудани суҳбат ва роҳнамоӣ бо сайёҳонро бояд аз худ намоянд.


Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳар раёсат вобаста ба ғунҷоиши толорҳояшон кормандонро дар рӯзҳои махсус ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб кардаанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, шумораи зиёди кормандони вазорат забони русиро хуб медонанд. Донистани забони англисӣ низ барои онҳо аз манфиат холӣ нест.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2018 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад