«ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!»-ҳамоиши ҳизбӣ дар вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 04.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари кишвар, аз ҷумла, вилояти Хатлон омодагии ҷиддӣ гирифта, сокинони вилоятро барои боз ҳам бештар ободу зебо кардани ватанамон раҳнамоӣ ва сафарбар менамоянд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоят ба хотири ҳалли мушкилоти мардум, таъмиру тармим ва сохтмони роҳу пулҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сабзу хуррам гардонидани маҳалли зист бо истифода аз неруи аъзо, фаъолон, ҷонибдорон ва сокинони маҳал ҳамоиши тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» эълон гардид.
Дар доираи ҳамоиши ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вазифадор мегарданд, ки зимни вохӯриҳо бо мардум дар маҳал масъалаи сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда тариқи дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин дарёфти ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғлро дар заминаи рушди хоҷагидорию соҳибкорӣ, корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ тарғиб намуда, бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳалли амалии мушкилоти мавҷуда саҳми бевосита гузоранд.
Бояд гуфт, ки сохторҳои ҳизбии вилоят дар нимаи аввали соли 2018 дар ҳудуди деҳаву маҳаллаҳо бо сокинон қариб се ҳазор суҳбату мулоқот баргузор намуда, дар самти дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷамъиятӣ ва амалӣ гардонидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири рушди кишвар заминаи мусоид мегузоранд.








Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






