10-11 август дар Душанбе ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шўрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои сайёҳии кишварҳои аъзои ИДМ ширкат меварзанд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар ИДМ ва нақшаҳо барои давраҳои минбаъда, густариши ҳамкориҳо байни кишварҳо дар соҳаи сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои кишварҳои ИДМ, омода намудани хатсайрҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






