10 август-Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон: бори аввал дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар Бозиҳои Осиё-2018 иштирок мекунад

Август 10, 2018 11:25

ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби  бештари наврасону ҷавонон ва аҳолии ҷумҳурӣ ба варзиш эълон шудааст.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  варзишро  яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими  саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон  ва инъикоскунандаи  симои халқу миллат  дар арсаи ҷаҳон  номидаанд. Варзиш дар ҳаёти ҳар инсон  аҳамияти аввалиндараҷа дошта, пайваста байни мардум, хусусан наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солим тарғибу ташвиқ мешавад.

Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш рушд ёфта, варзишгарон пайваста дастгирӣ мешаванд.

«Мувофиқи маълумотҳои омории расмӣ, дар ҷумҳурӣ 9 ҳазору 319 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии иншооти ба қайдгирифташуда 122  варзишгоҳ, 6 ҳазору 619 майдончаи варзишӣ, 1 ҳазору 702 толори варзишӣ, 88 ҳавзҳои шиноварӣ ва 788 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ ба ҳисоб мераванд.

«Аз ҷумла, 4 маҷмааи варзишӣ аз ин, 1 маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Данғара бо харҷи 100 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, 1 маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Рашт бо харҷи 20 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, 1 маҷмааи варзишӣдар ноҳияи Темурмалик бо харҷи 11 млн. 932 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Истаравшан бо харҷи 640 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон сохта ба истифода дода шудааст»,- гуфт Каримҷон Салимзода.

Инчунин дар ҷумҳурӣ 6 варзишгоҳ дар шаҳри Сарбанд ва ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Бохтар ва Панҷи вилояти Хатлон (аз ҷумла 4 варзишгоҳ аз нав таъмиру таҷдид гардиданд) сохта ба истифода дода шуданд.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 102 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 маҷмааи варзишӣ, 7 толори варзишӣ ва 93 майдончаи варзишӣ бо харҷи зиёда аз 53 миллиону 463 ҳазору 260 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 39 миллиону 865 ҳазору 260  сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 47 миллиону 214 ҳазору  734 сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Дар шаҳри Душанбе 45 майдончаи варзишӣ бо харҷи зиёда аз 33 миллиону 750 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Инчунин дар ин давра варзишгарони мамлакат дар як катор чорабиниҳои байналмилалӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиёӣ, Шоҳҷомҳо иштирок намуда, ба дастовардҳои таърихии даврони истиқлолият ноил гардиданд.

Аз ҷумла, медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои 31-уми олимпии Рои-Де-Жанейро-2016 тӯҳфаи беназир барои миллати тоҷик маҳсуб иеёбад.

Ҳамчунин  Юсуф Абдусаломов ҷоизадори медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ оид ба гӯштини тарзи озод, Расул Боқиев ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва ҷаҳон оид ба дзюдо, Мавзуна Чориева ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба бокс, Фарухи Салим чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Хуршед Маҷидов ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, Лагутенко Малика чемпиони Осиё оид ба тирпаронӣ, Зулқайнарова Шоира ҷоизадори медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс, Хоркашев Набимуҳаммад ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Каримов Акмалиддин ҷоизадори медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, Комроншоҳи Устопириён чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Даминов Шаҳриёр чемпиони Осиё оид ба қаиқронӣ, Исоқов Адам чемпиони Осиё байни наврасон дзюдо, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол ҷоизадори медали биринҷии Чемпионати Осиё гардидаанд.

Имконияту шароитҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат дар Соли ҷавонон баъди интизориҳои зиёди миллати тоҷик самараи худро дар Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди самбо, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия доир гардид, бо ғолибияти мутлақи ба дастовардаи Беҳрӯз Хоҷазода дод.

Дастовардҳои дигари варзишгарон низ дар ин давра шоистаи таҳсин мебошад, ки ин ҳам аз соҳибистиқлолии давлат ба даст омодааст.

Ба иловаи Каримҷон Салимзода, ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ «Рӯзи варзиш» эълон гардидааст. Дар қаламрави мамлакат бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба таҳкими тарзи ҳаёти солим таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» машқҳои пагоҳирӯзӣ мунтазам доир шуда истодааст, ки  дар боғҳои ба номи устод С.Айнӣ, ҷавонон, Парчами давлатӣ, Дӯстии халқҳо, назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғаӣ ва мавзеъҳои барҳаво бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон, варзишгарону дӯстдорони варзиш доир карда мешаванд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи дирӯз, 9 август дар Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели варзишгарони тоҷик ба 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё доир гардид, ки дар он муовинони президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов, Аҳтам Абдуллозода, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева ва варзишгарону мураббиёне, ки ба Бозиҳои Осиё-2018 сафарбар шудаанд.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои тобистонаи Осиё-2018 аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Ҷумҳурии Индонезия баргузор мегардад. Соли равон дар таърихи футболи кишвар бори аввал дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ба бозиҳои мазкур сафарбар мегарданд. Ба ҳайат 3 дарвозабон, 6 дифоъгар, 6 ниммуҳофизатгар ва 3 ҳамлагар шомил мебошанд.

Тавре аз  Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи  мунтахаби  бонувони Тоҷикистон дидори аввали хешро бо дастаи  мунтахаби Кореяи Шимолӣ 17  август доир менамояд. Дар дидори  дуюмаш дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон  20  август   бо дастаи  мунтахаби Ҷумҳурии мардумии Чин рақобат мекунад. Бозии охиринро  дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон  22  август бо  дастаи  мунтахаби бонувони Ҳонг – Конг анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон  силсилабарномаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, инчунин суҳбату мулоқотҳо бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир  карда мешавад. Зеро варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши рушди миллату давлат гардидааст.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Август 10, 2018 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд