7-8 август гурӯҳи рӯзноманигорони Ӯзбекистон ба Хуҷанд меояд

Август 7, 2018 11:05

ХУҶАНД, 07.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 августи соли равон гурӯҳи 13 нафараи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ташриф меорад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ДАДАБОЕВ хабар медиҳад, рӯзноманигорони ӯзбек дар доираи сафари худ ба Хуҷанд аз хонаи табъу нашри «Кохи матбуот» боздид ба амал оварда, бо фаъолияти идораи рӯзномаи ӯзбекии вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» шинос мешаванд ва бо аҳли зиёи вилоят мулоқот анҷом медиҳанд.

Ҳамзамон дар доираи сафар боздид аз бозори марказии шаҳри Хуҷанд — «Панҷшанбе», минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», шиносоӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва иштирок дар барномаи фарҳанги, ки дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор мешавад, дар назар аст.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба ҳайати гурӯҳ раиси Маркази фарҳаангии миллии тоҷикони Ӯзбекистон «Ориёно» ва хабарнигори шабакаи телевизионии Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, муаллифи филми мустанади «Зери осомони ягона» Ҷасур Исҳоқов, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроев, муҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олим Ҷумъақулов, мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон Нурулло Насриев, хабарнигори телевизиони  «Ӯзбекистон 24» Зебо Тӯхтаева ва дигарон шомил мебошанд.

Рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баробари шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид ба амал меоранд.

Август 7, 2018 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд