Аҳтам Абдуллозода: «Беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонон дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд»
ДУШАНБЕ, 15.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта баргузор гардид, ки дар он роҳбарони маҳфилҳои дар хориҷи кишвар таҳсилдошта аз Федератсияи Россия, Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Британияи Кабир, Молдова ва Малайзия иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар хабар доданд, Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои замони муосир дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Айни ҳол дар кишвар 39 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 190 ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
«Сиёсати дарҳои кушод ва тадбирҳои оқилонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам меоварад, ки ба дилхоҳ донишкадаву донишгоҳи ҷумҳурӣ ё давлатҳои хориҷа озодона дохил шаванд. Пас аз хатми донишгоҳ дубора ба Ватан баргашта, ба фаъолияти меҳнатӣ пардозад. Шумораи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамояд беш 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд»,- илова намуд Аҳтам Абдуллозода.

Мавриди зикр аст, ки маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар 15 давлат намояндагони худро дорад.
Мақсади роҳандозии чорабинии мазкур муттаҳидии ҷавонони тоҷик дар хориҷӣ кишвар, ҳифзу гиромидашти фарҳанги волои миллати тоҷик, муаррифии фарҳанг, забон, расму оин ва осори пурғановати миллати тоҷик арзёбӣ гардид.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






