ҲАЙАТИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД. Онҳо аз мавзеъҳои тамошобоби пойтахти Ӯзбекистон боздид карданд

Август 2, 2018 14:35

ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз, 1 август хабар дода будем, ҳайати дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 55 нафар намояндагони фарҳангӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.  Дӯстони тоҷикро дар гузаргоҳи сарҳадии «Ойбек»-и вилояти Тошканд ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Озодбек Назарбеков ботантана истиқбол гирифт.  Дар ин бора хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар»  Марзия САИДЗОДА аз Тошканд хабар медиҳад.

Тибқи барнома, ҳайати Тоҷикистон аз мавзеъҳои тамошобоби шаҳри Тошканд – Маҷмааи таърихии «Ҳазрати Имом», Қасри форумҳои Ӯзбекистон ва «Хиёбони адибон» дидан карданд.

Маҷмааи ёдгории «Ҳазрати Имом» — яке аз мавзеъҳои зеботарини Тошканд ба ҳисоб меравад. Тавре сокинони шаҳр нақл мекунанд, ин маҷмаа дар баробари майдони «Истиқлолият» («Мустақиллик»), бинои Парлумон («Олий Маҷлис») ва муҷассамаи қурбониёни репрессия дарҳол ба яке аз мавзеъҳои муқаддаси мусулмонҳо ва муаррифгари пойтахт табдил ёфт.

Маҷмааи мазкур дар назди мазори собиқ Имоми шаҳри Тошканд, олим, донандаи Қуръон ва ҳадис, шоир ва ҳунарманд Ҳазрати Имом (номи пурраи ӯ Абӯбакр ибни Исмоил ал-Каффол) бунёд ёфтааст. Бинобар маълумоти таърихӣ, ӯ ҳунарманди моҳир буда, ба сохтани қулф ва калид машғул буд. Ҳамчунин донандаи 72 забон буда, Аҳди Қадимро (Библия) ба забони арабӣ тарҷума кардааст.

Тармиму таҷдиди ин мавзеи таърихӣ соли 2007 мувофиқ ба қоидаҳои асри 16 оғоз гардида буд. Дар барқарорсозии маҷмаа устоҳои беҳтарини Тошканд, Кӯқанд, Самарқанду Хоразм, бо як сухан – тамоми ҷумҳурӣ саҳм гузоштаанд.  «Ҳоло ин минтақаро шинохта намешавад,-мегӯянд дӯстони ӯзбек,- чун қаблан дар ин ҷо хонаҳои қадимаи кулухӣ бино ёфта буданду кӯчаҳои он хеле тангу каҷ буд, ки ду нақлиёти хурд бо мушкилӣ аз он ҷой мегузаштанд».

Маҷмааи ёдгории «Ҳазрати Имом» дар Тошканд

Воқеан ҳам барҷастагии ин мавзеи бостонӣ, ки 10 гекторро дар бар мегирад, зебоӣ ва субботаш касро ба ваҷд меорад. Миёни маҷмааҳои ин мавзеъ ба андешаи сокинони ин кишвар, масҷиди Ҳазрати Имом мавқеи хосро ишғол мекунад.

Дуртар аз меъмории таърихии Камолиддини Беҳзод, мадрасаи Бароқхона ба назар мерасад, ки метавон соатҳо аз зебогиву шаҳомат ва навиштаҷотҳояш лаззат бурд.

Дар китобхонаи ин маҷмаи бостонӣ хеле боэҳтиёт ҳазор навиштаҷоти беназир нигоҳ дошта мешаванд. Яке аз арзишмандтарини ин ёдгорӣ Қуръони Осмон буд. Мегӯянд, ки он замонҳо ин ёдгории беназирро Темур аз Сурия оварда будааст.

Ҳамчунин, ба меҳмонон аз Тоҷикистон боз дигар мавзеъҳои тамошобоб писанд омад. Аз ҷумла «Хиёбони адибон», ки чанде пеш бо дастури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев дар боғи миллии Тошканд ба номи Алишери Навоӣ бунёд ёфт. Дар хиёбони номбурда метавон муҷассамаҳои Ҳамид Алимҷон, Ғафур Ғулом ва Зулфия, дид ки бо нависандагону шоирони тоҷик ҳамкории ногусастанӣ доштанд.

Имрӯз, 2  августи соли равон миёни намояндагони доираи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва адибон дар шакли «мизи гирд» мубоҳисаҳо бо нишон додани филми ҳуҷҷатии «Зери як осмон» доир мегардад, инчунин  вохӯриҳои дуҷониба ва қабули созишномаҳо дар назар аст.

Август 2, 2018 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид