ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД: Ҷавонони ӯзбек метавонанд дар Тоҷикистон маълумоти олӣ гиранд

Август 3, 2018 12:10

ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли равон ҷавонони ӯзбек метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон маълумоти олӣ гиранд, -менависад агентии «Podrobno.uz.».

«Миёни муассисаҳо гуногуни таҳсилоти олии ду давлат як қатор ҳуҷҷатҳо имзо шуданд, ки ба донишҷӯёни ҳарду давлат имкон медиҳад, то дар оянда дараҷаи бакалаврро дар як давлат ва дараҷаи магистрро дар давлати дигар соҳиб шаванд. Табодули донишҷӯён ва омӯзгорон имкон медиҳад, ки робитаҳои дӯстонаи ду миллати бародар боз ҳам қавитар гарданд»,-иброз намуд раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова дар ҷаласаи пресс-клуби байналмилалӣ.

«Шакли таҳсили донишҷӯён аз Ӯзбекистон аллакай муайян шудааст ва бо даъвати ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода довталабоне, ки хоҳиши таҳсилро доранд, аз ҳамин сол метавонанд ба донишгоҳҳои мо дохил шаванд»,- иттилоъ дод муовини Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода.

Ҳамчунин, намояндагони ҳайати Тоҷикистон аз қавӣ гаштани муносибати ҷавонони ҳарду давлат, чӣ дар соҳаи маориф ва чӣ дар дигар соҳаҳо ибрози хушнудӣ намуданд.

«Пас аз сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ним сол мешавад, ки Кумитаи мо бо Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ҳамкорӣ менамояд. Барои баргузор намудани як қатор чорабиниҳои муштарак мо ҳуҷҷатҳоро омода намуда истодаем, ки ин равобити дӯстонаи ҳарду давлатро боз ҳам қавӣ менамояд»,-илова намуд Дилноза Аҳмадзода.

Дар назар аст, ки охири моҳи август бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ва форуми «Тоҷикистон ва «Роҳи абрешим»: таърих ва замони муосир» баргузор карда шуда, ба он намояндагони Ӯзбекистон низ даъват карда шаванд.

«Бо даъвати Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон моҳи гузашта гурӯҳи ҷавонони тоҷик ба шаҳрҳои Тошканд ва Самарқанд ташриф оварда, дар хусуси дастоварду таҷрибаи худ дар самти амалигардонии сиёсати ҷавонон табодули назар намуданд»,-зикр кард Дилноза Аҳмадзода.

Август 3, 2018 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Таҳкими худшиносии ҷавонон тавассути тарғиби фарҳангу тамаддун ва таърихи пурғановати миллӣ амали омӯзанда аст
Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад