Ҳангоми ворид ва гузашти транзитӣ аз қаламрави Тоҷикистон аз автомобилҳои сабукрав ва автобусҳои Ӯзбекистон хироҷ ситонида намешавад
ДУШАНБЕ, 25.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд аз воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрав ва автобусҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ворид шудан ва гузариши транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида намешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои сарчашма, ин тадбир дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» андешида шудааст.
Ҳадафи Қарори мазкур пешниҳоди сабукиҳо ба шаҳрвандон –ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрав ва автобусҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд ва гузашти транзитӣ мекунанд, инчунин тақвияти робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ байни ду давлати дӯсту бародар ва ҳамсоя –Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Қарори мазкур дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 августи соли равон ҷараён гирифт, дар Душанбе аз ҷониби Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






