АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ! Истироҳаткунандагон ба мутолиаи китоб ҷалб мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем»-и USAID тасмим гирифтанд, ки баҳри беҳтар шудани фаъолияти истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ онҳоро бо китобҳои бадеӣ таъмин намуда, ҳамзамон, озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро ба роҳ мондааст. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон Сафарзода иттилоъ дод, то имрӯз дар 29 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронида шуд.
«Озмун бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони болаёқату эҷодкор, сайқал додани маҳорати эҷодӣ, ташаккули қобилияти зеҳнӣ, инчунин тарбия намудани наврасон дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардид»,- афзуд У.Сафарзода.
Инчунин зикр шуд, ки озмун дар истироҳатгоҳҳои мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе, «Кайҳон», «Ҳамсафар», «Ширкент», Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода (НТМ), «Парвоз», «Оташак», «Сиёвуш», «Вохӯрӣ», «Чашма1», «Чашма2», «Уқобча», «Бодомча», «Маркази солимгардонии Суғд», «20-солагии Истиқлолият» (вилояти Суғд»), «Шоҳин», «Офтобак», хонаи кӯдакони ноҳияи Фархор, ноҳияи Муъминобод (Хатлон), «Сағирдашт», «Зинг» «Насими Ғунд»-и ВМКБ, истироҳатгоҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Орзу», «Гулхан» ва «Шарора» (шаҳри Душанбе) гузаронида шуд.
Истироҳтакунандагоне, ки дар озмун ҷойҳои 1–ум, 2–юм ва 3–юмро ишғол намуданд, бо «Ифтихорнома»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сарфароз гардиданд. Инчунин ба ҳар як истироҳатгоҳ миқдори муайяни китоби бадеӣ (250 –ададӣ) тақдим гардид.
Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ тасмим гирифтааст, ки озмуни навбатиро зери унвони «Дониш ва ҳунар» дар бастҳои минбаъда ба роҳ монад.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






