Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ сохтмони иншооти замонавӣ ҷараён дорад

Август 22, 2018 10:36

ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ амалҳои бунёдкоронаю созандагӣ бомаром ҷараён дошта, тамоми сокинони ноҳия дар ин  бобат саҳми худро  мегузоранд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Парчам ва Нишони давлатӣ дар гулгашти назди бинои мақомоти иҷроия, бинои хушсохти толори варзишӣ дар назди мактаби варзишии ноҳия, бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 30 ба номи Мирзохон Раҳматов бо маблағгузории буҷаи ноҳия, шуъбаи таваллудхонаи назди беморхонаи деҳоти Меҳнатобод ва корхонаи истеҳсоли халтачаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини деҳоти «Қаҳрамон» бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Азиз Ҷобиров ва Ҷиёнхон Мирзоев аз ҷумлаи иншоотҳое мебошанд, ки ба симои ноҳия ҳусни дигар илова карда, даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

 

Август 22, 2018 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд