«БАРКАНДА БЕҲ ОН ЧАШМ, КИ БАДБИН БОШАД!»,- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе низ амали ҷинояткоронаи нанговарро комилан маҳкум менамояд
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаи даҳшатборе, ки 29 июли соли равон гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон дар шоҳроҳи Кӯлоб — Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба анҷом расониданд, ҳеҷ нафари бедордил ва соҳиби ақлу идрокро бетараф гузошта наметавонад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ ин амали ҷинояткоронаи нанговарро, ки хилофи инсондӯстиву инсонгароист, комилан маҳкум менамояд.
Ин амали нобахшиданӣ, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вуқӯъ омад, боз чашми нотавонбиноне мисли масъулини Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Давлати исломӣ (ДОИШ) ва дигар худобехабарон буд, ки пешрафтҳои кишвари маҳбуби моро дида натавонистанд ва бо ин кори разилонаи худ доғе ба ин сол оварданд. Пас, месазад, ки ба ин ҳама бадбинон хитоб кард ва гуфт: БАРКАНДА БЕҲ ОН ЧАШМ, КИ БАДБИН БОШАД!
Хушбахтона, шуҷоату матонат ва маҳорати ҳомиёни ҳуқуқу тартибот буд, ки ба зудӣ ин амали гурӯҳи ҷинояткор ба таври фаврӣ ошкор шуд.
Зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани ин ҳолат бори дигар ба халқи олам, махсусан ба душманони ин миллату сарзамини биҳиштосо собит сохт, ки Пешвои миллати тоҷик дар сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи хеш ҳамеша сулҳу салоҳро авло дониста, нисбат ба тақдири тамоми сокинони сайёра бетафовут буда наметавонад.
Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба таври дастаҷамъона бар зидди чунин кирдорҳои гурӯҳҳои нопоку ношоиста муборизаи беамон бурда, ҷавобан барои таҳкими сулҳу суботи пойдор, ҳимояи сохти конститутсионии мамлакат, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳофару созандаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши ҳамешагӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишварамон саҳми худро мегузоранд.
Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Душанбе








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






