«БАРКАНДА БЕҲ ОН ЧАШМ, КИ БАДБИН БОШАД!»,- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе низ амали ҷинояткоронаи нанговарро комилан маҳкум менамояд

Август 1, 2018 11:44

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаи даҳшатборе, ки 29 июли соли равон гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон дар шоҳроҳи Кӯлоб — Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба анҷом расониданд, ҳеҷ нафари бедордил ва соҳиби ақлу идрокро бетараф гузошта наметавонад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ ин амали ҷинояткоронаи нанговарро, ки хилофи инсондӯстиву инсонгароист, комилан маҳкум менамояд. 

Ин амали нобахшиданӣ, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вуқӯъ омад, боз чашми нотавонбиноне мисли масъулини Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), Давлати исломӣ (ДОИШ) ва дигар худобехабарон буд, ки пешрафтҳои кишвари маҳбуби моро дида натавонистанд ва бо ин кори разилонаи худ доғе ба ин сол оварданд. Пас, месазад, ки ба ин ҳама бадбинон хитоб кард ва гуфт: БАРКАНДА БЕҲ ОН ЧАШМ, КИ БАДБИН БОШАД!

Хушбахтона, шуҷоату матонат ва маҳорати ҳомиёни ҳуқуқу тартибот буд, ки ба зудӣ ин амали гурӯҳи ҷинояткор ба таври фаврӣ ошкор шуд.

Зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани ин ҳолат бори дигар ба халқи олам, махсусан ба душманони ин миллату сарзамини биҳиштосо собит сохт, ки Пешвои миллати тоҷик дар сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи хеш ҳамеша сулҳу салоҳро авло дониста, нисбат ба тақдири тамоми сокинони сайёра бетафовут буда наметавонад.

Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба таври дастаҷамъона бар зидди чунин кирдорҳои гурӯҳҳои нопоку ношоиста муборизаи беамон бурда, ҷавобан барои таҳкими сулҳу суботи пойдор, ҳимояи сохти конститутсионии мамлакат, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳофару созандаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  талоши ҳамешагӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишварамон саҳми худро мегузоранд.

 

Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Душанбе

Август 1, 2018 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»